06 феврали соли 2025 дар толори Дастгоҷи иҷроияи Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ҷаласаи Конференсияи марказии ҶҲАТ бо иштироки аъзоён, кормандон ва шарикони рушди ҷамъият аз Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, Федератсияи Байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва Салиби Сурхи Финландия баргузор гардид.
Мирзоева Қ., аъзои Конференсияи марказии ҶҲАТ ҷаласаи Конференсияи марказии ҶҲАТ-ро ҳусни оғоз бахшида, рӯзнома ва тартиби баргузории ҷаласаи Конференсияи марказии ҶҲАТ-ро ба иштирокчиён шинос намуд.
Дар ҷаласаи Конференсияи Марказии ҶҲАТ мутобиқи рӯзнома масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд:
– Баррасии ҳисоботи Котиби генералии ҶҲАТ оид ба натиҷаи фаъолияти ҶҲАТ дар соли 2024;
– Баррасии Нақша-чорабиниҳои моҳвораи ҶҲАТ барои соли 2025;
– Дар бораи «Тартиби амалиёти меъёрии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон барои пешниҳоди кӯмакҳои нақдӣ, ваучерӣ ва меъёрии тақсимоти кӯмаки нақдӣ ба гурезагони афғон»;
– Дар бораи фаъолияти Гурӯҳи корӣ оид ба баррасии зарурияти фаъолияти филиалҳои ҶҲАТ;
– Дар бораи Нақшаи кории Дастгоҳи иҷроияи кумитаи марказии ҶҲАТ барои соли 2025»;
– Дар бораи тасдиқи буҷети Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон барои соли 2025;
– Дар бораи тағйиру иловаҳо ба Низомномаи ташкилотҳои ибтидоии ҶҲАТ;
– Дар бораи таъсиси комиссияи музояда оид ба муайян ва аз тариқи музояда фурӯхтани нақлиёти корношоям»;
– Дар бораи Шарҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ».
Файзализодла Нурулло, муовини якуми котиби генералии ҶҲАТ оид ба натиҷаи фаъолияти ҶҲАТ дар соли 2024 баромади муфассал намуда, вобаста ба пешравияю қазияҳои ҷойдошта дар фаъолияти Ҷамъият маълумот дод.
Сипас, мувофиқи рӯзномаи ҷаласа ҳамаи масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуда, доир ба онҳо қарорҳои далдор аз ҷониби Конференсияи марказии ҶҲАТ қабул гардиданд.
Маркази иттилоотии ҶҲАТ, ш. Душанбе, 06 феврали соли 2025