Баргузории ҷаласаи Конференсияи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

0
146

17 июли соли 2023 дар толори Анри Дюнани Дастгоҳи иҷроияи Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) Конференсияи марказии ҶҲАТ бо иштироки аъзоён ва кормандони Ҷамъият баргузор гардид.

Конференсияи марказии ҶҲАТ-ро Президенти ҶҲАТ Қурбонов Саид Сафарович њусни оѓоз бахшид. Дар ҷаласа мутобиқи рӯзнома масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд:

– Баррасии ҳисоботи Котиби генералии ҶҲАТ оид ба натиљаи фаъолияти Ҷамъият дар нимсолаи аввали соли 2024;

– Баррасии ҳисоботҳои Котибони иҷроияи филиалҳои вилоятӣ ва минтақавии ҶҲАТ оид ба натиҷаи фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2024;

– Тамдиди қарори Конференсияи марказии ҶҲАТ аз 23 январи соли 2024 №7 дар бораи таъсиси Гурӯҳи корӣ оид ба баррасии зарурияти фаъолияти филиалҳои ҶҲАТ амалишавии фаъолияти лоиҳаи бехатарии озуқаворӣ;

– Дар бораи фаъолияти комиссияи ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросим дар ҶҲАТ.

Зимни пешниҳоди Ҳисобот оид ба натиҷаи фаъолияти Ҷамъият дар нимсолаи аввали соли 2024 Котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Қурбониён Б.Б. бахусус қайд намуд, ки дар давоми нимсолаи соли 2024 аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Кумитаи Марказии ҶҲАТ ва сохторҳои зертобеи он корҳои назаррасе ба анљом расиданд ва ҳамчунин якқатор кумакҳои башардустона ба мардуми ниёзманди Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шуданд.

Вобаста ба мавзуъҳои рӯзнома шахсони мутасаддӣ баромад намуданд.

Ҳамаи масъалаҳои рӯзнома аз ҷониби аъзоёни Конференсияи марказии ҶҲАТ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, доир ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Маркази иттилоотии ҶҲАТ, ш. Душанбе, 17 июли соли 2024