Баргузории ҷаласаи Конференсияи филиали Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт

0
34

14 январи соли 2025 дар толори филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар ноҳияи Рашт ҷаласаи Конференсияи филиали ҶҲАТ дар ноҳияи Рашт  бо иштироки аъзоён ва кормандони Филиал баргузор гардид.

Ҷаласаро Исоева Раҳима, аъзои конференсия ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки бо сабаби марги нобаҳангоми  Шаидзода Р., раиси филиали ҶҲАТ дар н.Рашт  ҷаласаро ӯ роҳбарӣ менамояд.

Мувофиқи рӯзномаи Ҷаласа дар оғоз номзадии 2 нафар номзад ба таври овоздиҳӣ ба вазифаи раиси нави филиали ҶҲАТ дар ноҳияи Рашт пешниҳод гардид.

Баъди овоздиҳии пинҳонӣ бо овози бештар Чононзода Махмадисо раиси нави филиали ҶҲАТ дар ноҳияи Рашт интихоб гардид.

Сипас, ҳисоботи Ҳабибуллоев Амрулло, котиби иҷроии филиали ҶҲАТ дар ноҳияи Рашт оид ба натиҷаи фаъолият дар соли 2024 шунида шуд.

Ҳамаи масъалаҳои рӯзнома мавриди баррасӣ қарор дода шуда, доир ба онҳо қарорҳои далдор қабул гардиданд.