Тибқи нақша чорабинии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ва муассисаи давлатии Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо (ММТММ) санаи 22.04.2020 дар шаҳри Хуҷанд ҷамъомади гурўҳи кории техникӣ оиди кўмак ба ҷабрдидагони минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарият, кормандони масъули ММТММ, намояндагони шўъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳру навоҳӣ, ҷабрдидагон, инчунин котибони иҷроия ва волонтёрони бахшҳои шаҳриву навоҳии Исфара, Панҷакент, Шаҳристон, Айнӣ ва Ашт иштирок намуданд.
Бояд гуфт, Муҳаббат Иброҳимзода – директори Марказ чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида зикр намуд, ки ҳадаф аз баргузории вохўрӣ ин баррасии натиҷаҳои фаъолияти Марказ ва бахшҳои маҳаллии ҶҲАТ дар самти кўмак ба ҷабрдидагон дар соли 2019, нақша чорабиниҳо барои соли 2020 ва «Нақшаи амалиётҳои Осло оид ба кўмак ба ҷабрдидагони минаҳо» ба ҳисоб меравад.
Дар навбати худ Райҳон Муминова – намояндаи Марказ шунавандагонро доир ба фаъолияти марказ ва натиҷаҳои Стратегияи миллии Тоҷикистон оид ба амалиёти зидди минаҳо барои солҳои 2017-2020» дар соли 2019 шинос намуд. Аз ҷумла, вай қайд намуд, ки айни замон таҳияи стратегияи нав барои солҳои 2021-2025 ба нақша гирифта шудааст. Бобати ин масъала пешниҳоди иштирокчиён шунида шуд. Ҷабборзода П.А. – котиби иҷроияи бахши вилоятии ҶҲАТ дар пешниҳоди худ гуфта гузашт, ки баргузории омўзишҳои Расонидани кўмаки аввали тодухтурӣ дар шаҳру навоҳии наздисарҳадӣ бояд ба нақша гирифта шаванд ва бахши вилоятии ҶҲАТ омода аст ҳамкориро бо Марказ дар ин самт густариш диҳад.
Дар навбати худ мутахассиси пешбари шўъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд қайд намуд, ки дар миқёси вилоят ҷабрдидагони таркиши минаҳо ва лавозимоти нотаркида аз кўмакҳои иҷтимоӣ бархурдор мебошанд. Дар оянда низ омода ҳастанд бо бахшҳои шаҳриву навоҳии ҶҲАТ ҳамкориро дар самти расонидани кўмак идома диҳанд. Ҳамчунин аз ҷониби кормандони бахши вилоятии ҶҲАТ доир ба фаъолияти волонтёрон дар маҳаллҳо, нақшаи фаъолият дар давоми Моҳвораи Ҳилоли Аҳмар дар самти кўмак ба ҷабрдидагон иттилоъ дода шуд.
Дар фарҷоми ҷаласа мавзўи «Сироятёбӣ ва пешгирӣ аз COVID-19» ва раванди психологии он мавриди таҳлилу барраӣ қарор гирифт.
Камолова Р. – ҳамоҳангсози барнома