Баргузории ҷаласаи Кумитаи исломии Ҳилоли Аҳмари байналмилалӣ дар шаҳри Ҷидда

0
1409

5 январи соли 2022 дар Котиботи кулли Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ) иҷлосияи 35-уми Кумитаи Исломии Ҳилоли Аҳмари Байналмилали баргузор гардид.
Дар иҷлосия аъзоёни Кумитаи Исломии Ҳилоли Аҳмари байналмилалӣ иштирок намуданд. Дар ин иҷлосия хамчунин Омер Тасли, намояндаи Кумитаи исломии Ҳилоли Аҳмари байналмилалӣ барои кишварҳои Осиёи Миёна ва Аврупо оид ба анҷоми лоиҳаи таъмири муассисаи таҳсилоти умумии №28-и ноҳияи Восеъ баромад намуд.
Бояд кайд намуд, ки Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 ба номи Сафаров Муроди ҷамоати деҳоти Мирзоалӣ Вайсови ноҳияи Восеи вилояти Хатлон аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон тавассути Кумитаи исломии Ҳилоли Аҳмари байналмилалӣ бо дастгирии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Бахрайн, Ҷамъияти башардӯстонаи Кааф Ал-Эслах ва Ассотсиатсияи исломии Баҳрайн аз  1 августи соли 2021 то 30 ноябри соли 2021 мутобиқ ба талаботи муосир таъмир гардид.

Маркази иттилооти ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 05 январи соли 2021