Баргузории ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар 9 моҳаи соли 2023

0
499

19 октябри соли 2023 дар толори Дастгоҳи иҷроияи Кумитаи Марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти ҶҲАТ дар 9 моҳаи соли 2023 баргузор гардид.

Дар ҷаласа роҳбарият, кормандони Дастгоҳи иҷроияи Кумитаи Марказии ҶҲАТ, роҳбарони филиалҳои вилоятӣ, минтақавӣ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Ҷаласаро Котиби генералии ҶҲАТ Баҳодур Қурбониён ҳусни оғоз бахшид.

Дар ҷаласа мувофиқи рӯзнома баъзе аз котибони иҷроияи филиалҳои ҶҲАТ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз ҷумла, котибони филиалҳои ҶҲАТ дар шаҳрҳои Ҳисор  –  Мардонов Хуршед, Ваҳдат – Алиев Абдулаҳад, ноҳияҳои Рудакӣ  – Нуров Ҳадятулло, Варзоб  – Шерова Дилафруз ва Рашт  –  Ҳабибуддоев Амрулло дар бораи фаъолияти филиалҳо дар нуҳмоҳаи соли 2023 баромадҳои мухтасар намуданд.

Сипас, Мирова Дилором, муовини котиби генералии ҶҲАТ оид ба фаъолияти барномаву лоиҳаҳои ҶҲАТ дар 9 моҳаи соли 2023 баромад намуда, ҳамчунин оид ба қазияҳои ҷойдошта ва оид ба рафъи онҳо ба роҳбарияти ҶҲАТ пешниҳодҳо доир намуд.

Муноҷот Шумқоров, мутахассиси шуъбаи рушд ва ҳамкориҳои байналмилалии ҶҲАТ доир ба азқайд гузаштани филиаҳо дар Вазорати адлия ва сохторҳои он баромад намуд.

Дар интиҳои ҷаласа Котиби генералии ҶҲАТ барои беҳтар намудани иҷрои нақшаҳои буҷҷаи филиалҳо, фаъолияти Дастгоҳ ва шуъбаҳои он, ҳамчунин оид ба дигар фаъолияти оинномавӣ диққати махсус дода, ҷиҳати фаъолияти самарабахш сарпарастонро аз Кумитаи марказии ҶҲАТ барои ҳамоҳангсозии фаъолияти филиалҳо муайян намуда, ба кормандон ва намояндагони филиалҳо дастур дод, ки барои рушди фаъолият ҳамаҷониба кӯшиш намоянд.

Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 19 октябри соли 2023