16 апрели соли 2024 дар толори Дастгоҳи Иҷроияи Кумитаи Марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти ҶҲАТ дар 3 моҳаи аввали соли 2024 баргузор гардид.
Дар ҷаласа кормандони Дастгоҳи иҷроияи Кумитаи Марказии ҶҲАТ, роҳбарони филиалҳои вилоятӣ, минтақавӣ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Ҷаласаро Котиби генералии ҶҲАТ Баҳодур Қурбониён ҳусни оғоз бахшид.
Файзализода Нурулло, муовини аввали Котиби генералии ҶҲАТ дар бораи фаъолияти ҶҲАТ дар семоҳаи аввали соли 2024 ба иштирокчиён баромади мухтасар намуд.
Сипас, Одинаев Нуралӣ, ёрдамчии Котиби генералии ҶҲАТ дар бораи ташреҳи моҳият ва аҳамияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуд.
Оид ба ҷанбаҳои стратегияи дипломатияи башардӯстӣ Дилором Мирова, муовини Котиби генералии ҶҲАТ баромад намуд.
Муноҷот Шумқоров, мутахассиси шуъбаи «Рушд ва ҳамкориҳои байналмилалӣ» оид ба таҳлили қарорҳои Конференсияи марказӣ, ҷаласаҳои назди роҳбарияти ҶҲАТ дар давраи солҳои 2022-2023 баромад намуд.
Дар ҷаласа ҳамчунин, Холмурод Иброҳимов, аудити дохилии ҶҲАТ дар бораи таҳлили иҷрои гузоришҳои аудитӣ дар фаъолияти Дастгоҳи иҷроияи Кумитаи Марказии ҶҲАТ ва филиалҳои ҶҲАТ дар давоми солҳои 2022-2023 баромад намуд.
Дар интиҳои ҷаласа муовини якуми Котиби генералии ҶҲАТ барои беҳтар намудани иҷрои нақшаҳои буҷҷаи филиалҳо ва фаъолияти оинномавӣ диққати махсус дода, ҷиҳати фаъолияти самарабахш сарпарастонро аз Кумитаи марказии ҶҲАТ барои ҳамоҳангсозии фаъолияти филиалҳо муайян намуда, ба кормандон ва намояндагони филиалҳо дастур дод, ки барои рушди фаъолият ҳамаҷониба кӯшиш намоянд.
Маркази иттилоотии ҶҲАТ, ш. Душанбе, 16 апрели соли 2024