Баргузории ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар 3 моҳаи аввали соли 2023

0
567

4 майи соли 2023 дар толори Дастгоҳи Иҷроияи Кумитаи Марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти ҶҲАТ дар 3 моҳаи аввали соли 2023 баргузор гардид.

Дар ҷаласа кормандони Дастгоҳи иҷроияи Кумитаи Марказии ҶҲАТ, роҳбарони филиалҳои вилоятӣ, минтақавӣ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Ҷаласаро Котиби генералии ҶҲАТ Баҳодур Қурбониён ҳусни оғоз бахшид.

Одинаев Нуралӣ, ёрдамчии Котиби генералии ҶҲАТ дар бораи фаъолияти ҶҲАТ дар семоҳаи аввали соли 2023 ба иштирокчиён баромади мухтасар намуд.

Сипас, сардорони шуъбаҳои Дастгоҳи иҷроияи Кумитаи марказии ҶҲАТ, Сангов Шуҳрат, Раҳимов Илҳом, Раҷабова Шаҳло, Ҳамдуллозода Комрон ва Мирзоев Фарҳод оид ба фаъолияти шуъбаҳо дар семоҳаи аввали соли 2023 баромадҳо намуда, ҳамчунин оид ба қазияҳои ҷойдошта ва оид ба рафъи онҳо ба роҳбарияти ҶҲАТ пешниҳодҳо доир намуданд.

Дар интиҳои ҷаласа Котиби генералии ҶҲАТ барои беҳтар намудани иҷрои нақшаҳои буҷҷаи филиалҳо, фаъолияти Дастгоҳ ва шуъбаҳои он, ҳамчунин оид ба дигар фаъолияти оинномавӣ диққати махсус дода, ҷиҳати фаъолияти самарабахш сарпарастонро аз Кумитаи марказии ҶҲАТ барои ҳамоҳангсозии фаъолияти филиалҳо муайян намуда, ба кормандон ва намояндагони филиалҳо дастур дод, ки барои рушди фаъолият ҳамаҷониба кӯшиш намоянд.

Маркази иттилоотии ҶҲАТ, ш. Душанбе, 04 майи соли 2023