Баргузории ҷаласаҳои Конференсияи марказӣ ва Анҷумани Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

0
704

17 январи соли 2023 дар толори Дастгоҳи иҷроияи Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ҷаласаҳои Конференсияи марказӣ ва Анҷумани XXIV-уми ҶҲАТ бо иштироки аъзоён ва кормандони Ҷамъият баргузор гардид.
Дар аввал ҷаласаи Конференсияи марказии ҶҲАТ, ки онро Президенти ҶҲАТ Қурбонов Саид Сафарович ҳусни оғоз бахшид, баргузор гардид. Дар ҷаласаи Конференсияи Марказии ҶҲАТ мутобиқи рӯзнома масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд:
– Баррасии ҳисоботи Котиби генералии ҶҲАТ оид ба натиҷаи фаъолияти ҶҲАТ дар соли 2022;
– Баррасии ҳисоботии аудити дохилии ҶҲАТ «Дар бораи иҷрои лоиҳаҳои фоидаовар ва масъалаҳо оид ба назорат, тақсимот ва воридоти маблағ аз паҳнкунии маркаҳои хайриявии ҶҲАТ»
– Баррасии Нақшаи кории Дастгоҳи иҷроияи кумитаи марказии ҶҲАТ барои соли 2023»;
– Баррасии Нақша-чорабиниҳои моҳвораи ҶҲАТ барои соли 2023;
– Баррасии Барномаи эҳсонкории ҶҲАТ барои солҳои 2023 – 2025;
– Дар бораи тасдиқи Тартиби бақайдгирии аъзоён, пардохти ҳаққи дохилшавӣ ва аъзогӣ дар ҶҲАТ;
– Дар бораи тасдиқи буҷети ҶҲАТ барои соли 2023.
Баъди анҷоми чаласаи Конференсияи Марказии ҶҲАТ ҷаласи Анҷумани ғайринавбатии XXIV-уми ҶХАТ оғоз гардид.
Дар ҷаласаи Анҷумани ғайринавбатии XXIV-уми ҶХАТ раиси Комиссияи молиявии ҶҲАТ ва раиси Комиссияи марказии назорати дохилии ҶҲАТ интихоб гардиданд.
Ҳамаи масъалаҳои рӯзнома мавриди баррасӣ қарор дода шуда, доир ба онҳо қарорҳои далдор қабул гардиданд.


Маркази иттилоотии ҶҲАТ, ш. Душанбе, 17 ноябри соли 2023