23-юмин Ассамблеяи Генералии Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶССҲА) аз 19 то 21 июни соли 2022 дар Маркази намоишгоҳ ва конгресси байналмилалии Палекспои шаҳри Женеваи Швейтсария баргузор мегардад. Баъди он Шӯрои вакилони Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар аз 22 то 23 июни соли 2022 баргузор хоҳад гашт.
Ассамблеяи Генералии ФБҶССҲА мақоми олӣ буда, аз намояндагони тамоми 192 Ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар иборат буда, на камтар аз як маротиба дар 2 сол баргузор мегардад. Он сиёсати умумии Федератсияро муқаррар мекунад.
Шӯрои вакилони Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар мақоми роҳбарикунандаи буда, дар як сол ду маротиба ҷамъ мешавад. Интихобот ба ҳайати роҳбарикунанда дар 4 сол як маротиба гузаронида мешавад.
Ҳайати Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо роҳбарии профессор Қурбонов Саид Сафарович, президенти ҶҲАТ низ дар ин чорабинии бонуфуз иштирок менамоянд.
Нодир Аминзода, шаҳри Женева, 20 июни соли 2022