Баргузории ҷаласа бо иштироки Котиби генералии ҶҲАТ

0
1700

4-уми июли соли 2020 ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти Бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар вилояти Суғд дар нимсолаи аввали соли 2020 баргузор гардид.
Ҷаласа ин навбат дар толори зебову барҳавои бинои навбунёди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бо иштироки бевоситаи Котиби генералии ҶҲАТ мӯҳтарам Қурбониён Б.Б. сурат гирифт.
Раиси маҷлис – Раиси озоди ҳудудии ҶҲАТ дар вилояти Суғд Мирзоева Қ.М. ҷаласаро ифтитоҳ намуда, ҷамъомадагонро хайра мақдам гуфт.
Пас аз тасдиқи рӯзномаи ҷаласа (иборат аз 4 масъалаи муҳим) ва интихоби котиботи маҷлис аз рӯи масъалаи якум – Ҳисоботи Котиби иҷроияи Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд Парвиз Ҷабборзода “Оид ба фаъолияти Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд дар нимсолаи аввали соли 2020” шунида шуд.
Гуфта шуд, ки Бахши вилоятии ҶҲАТ дар ин давра бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда ва нақшаи кории қаблан тасдиқгардида амал намуда, фаъолияти худро мувофиқи супоришҳои Котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мӯҳтарам Қурбониён Б.Б. ба роҳ монд. Якҷоя бо 14 котибони иҷроияи бахшҳои ҶҲАТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ доир ба мақсаду маром ва фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳамагӣ 68 вохӯрӣ, 243 чорабинии гуногуни иҷтимоию фарҳангӣ ва варзишӣ, 89 баромад тавассути радио ва телевизионҳо, чопи мақолаҳо дар рӯзномаҳои вилоятиву маҳаллӣ сурат гирифтанд, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли 2019-ум 11% зиёд мебошад.
Дар миқёси вилояти Суғд дар ҳолати 1-уми июли соли 2020-ум 322 ташкилоти ибтидоӣ фаъолият дорад, ки шумораи он нисбат ба нимсолаи аввали соли 2019 – 6 адад зиёд аст. Шумораи аъзоёни ҶҲАТ дар миқёси вилоят ба 5 821 нафар расидааст, ки ин назар ба дар ҳамин давраи соли 2019 (5 613 нафар) 9 % бештар мебошад.
Пешравии назарраси дигар он аст, ки 7 нафар котибони иҷроияи бахшҳои ҶҲАТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо оғози амалишавии лоиҳаҳои нав музди меҳнати хуб гирифта истодаанд. Яъне, котибони иҷроияи шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Гулистон, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Айнӣ аз ҳисоби лоиҳаву барномаҳои нав ба таври мунтазам ҳармоҳа маош мегиранд.
Гарчанде, ки 2 бахш аз ӯҳдаи иҷрои нақшаи оинномавӣ ва молиявӣ набаромаданд ва нақшаи худро сари вақт таъмин карда натавонистанд, ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, нақшаи молиявии Бахши вилоятии ҶҲАТ дар нимсолаи аввали соли 2020-ум ба андозаи 192 ҳазору 655 сомонӣ ё худ 99,9 фоиз иҷро гардид.
Дар назди Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд 9 лоиҳа ё худ барномаи манфиатовар барои шаҳрвандони вилоят амал менамояд, ки кормандони лоиҳавӣ бо сифати баланди меҳнатӣ ва дастовардҳои назаррас дар татбиқи онҳо саҳм мегузоранд.
Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд ҷиҳати пешгирӣ аз ворид ва паҳншавии бемории сирояткунандаи коронавирус – COVID-19 чораву тадбирҳои саривақтӣ ва зарурӣ андешид. Волонтёрони бахшҳои ҶҲАТ дар шаҳру ноҳияҳои мақсадноки Хуҷанд, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Спитамен аз 18-уми март то ба 30-юми июни соли 2020 чорабиниҳои иттилоотӣ, корҳои ташвиқотиро барои шаҳрвандони касбу кор ва синну соли мухталиф дар корхонаву идораҳо, муассисаву ташкилотҳо, мағозаву марказҳои савдо, бозору ошхонаҳо, дар дохили нақлиёти мусофиркашон, кӯдакистону мактабҳои миёна ва донишкадаву донишгоҳҳо (то эълон шудани таътил) доир намуданд. Дар маҷмӯъ, то ба санаи 30-юми июни соли 2020-ум 252 ҳазору 699 нафар, бахусус 153 ҳазору 463 нафар мактаббачагон ба корҳои фаҳмондадиҳӣ фаро гирифта шуданд.
Бо кӯмаки ДИ КМ ҶҲАТ дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо (Евросоюз), ЮНИСЕФ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 4 муассисаи тиббии шаҳру ноҳияи вилояти Суғд: Исфара, Истаравшан, Панҷакент ва Кӯҳистони Мастчоҳ таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) –ро ҳамчун кӯмаки бебозгашт пешниҳод намуд.
Ҳамзамон, аз ҷониби ДИ КМ ҶҲАТ бо дастгирии USAID тақсимоти 500 адад бастаи маводи гигиенӣ ба муассисаҳои ташхисию табобатии 5 шаҳру ноҳияи мақсадноки вилояти Суғд: Хуҷанд, Исфара, Б. Ғафуров, Ҷ. Расулов ва Спитамен (100 ададӣ ба ҳар шаҳру ноҳия) ба роҳ монда шуд.
КМ ҶҲАТ дар якҷоягӣ бо Салиби Сурхи Олмон (ССО) бо ҳадафи дастгирии оилаҳои ниёзманд, ашхоси яккаву танҳо, маъюбону бепарасторон ва беморон дар намуди маводҳои хӯрока ва гигиенӣ кӯмаки башардӯстона расонд. Тақсимоти маводҳо дар доираи Лоиҳаи байнисарҳадӣ ба 800 оилаи ниёзманд: 400 оила аз шаҳри Исфара ва 400 оила аз ноҳияи Ҷаббор Расулов (шаҳру ноҳияи мақсадноки вилояти Суғд) ба роҳ монда шуд.
Санаҳои 22 – 25 майи соли 2020 дар арафаи Иди саиди Рамазон ва фарорасии Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд тавассути бахшҳо ба 600 оилаи ниёзманди шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан ва Бӯстон, ноҳияҳои Шаҳристон, Деваштич, Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров бастаи маводҳои озуқаворӣ ва маводи муҳофизатии тиббиро ба маблағи 114 ҳазор сомонӣ ба таври ройгон тақсим намуд.
Ҳамин тавр, раёсат ва иштирокиёни ҷаласа масълаҳои дигари рӯзномаи маҷлис – “Гузориши сармуҳосиби Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд Ибодуллоева М.Ҳ.-ро оид ба иҷрои нақшаи молиявӣ дар нимсолаи аввали соли 2020”, “Пешниҳоди хулосаи Аудити дохилии ДИ КМ ҶҲАТ оид ба санҷиши фаъолияти Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд”-ро дида баромада, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул намуданд. Ҳамзамон, фармоишҳои Котиби иҷроияи Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд дар давоми шашмоҳаи аввали соли 2020 тасдиқ карда шуданд.
Дар назди ҳозирин Котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мӯҳтарам Қурбониён Б.Б. баромади пурмӯҳтаво намуда, вазифаҳои кормандони Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғдро барои нимсолаи дуюми соли 2020 муайяну мушаххас намуд. Гуфта шуд, ки новобаста ба мушкилоти бамиёномада, яъне интиқол ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус дар Тоҷикистон ҳар як корманд, аъзо ва волонтёри ҶҲАТ бояд фаъолияти хешро дар асоси Оиннома ва Низомномаи ҶҲАТ ба роҳ монад. Бахусус, ба фаъолияти башардӯстона ва беғаразона таваҷҷӯҳи бештар равона карда шавад. Чун соли 2021 – соли ҷашни бузургу таърихии миллат – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, мо бояд онро бо нишондиҳандаҳои хуби меҳнатӣ ва дастовардҳои назаррас таҷлил намоем.
Қабл аз ҷамъбасти кори ҷаласа дар вазъияти тантанавӣ ба ҳамкорони доимии Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд – ҶДММ “Афзали Суғд”, ҶДММ “Орди фатир” ва волонтёрони фаъол – З. Хоҷаева ва М. Буттаева Сипосномаи Бахш ва ба 10 нафар шаҳрвандони нав ба сафи аъзогии ҶҲАТ шомилшуда, Шаҳодатномаи аъзогӣ тақдим карда шуд.