29 январи соли 2025 бо дастури Қурбониён Б. Б., Котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар Дастгоҳи иҷроияи Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ДИ КМ ҶҲАТ) ҷаласа оид ба масъалаҳои корӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандони ДИ КМ ҶҲАТ ташкил карда шуд.
Чорабиниро Файзализода Нурулло, муовини аввали Котиби генералии ҶҲАТ ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки баргузории чунин ҷаласаҳо бо кормандони Ҷамъият дар ҳалли бисёр масъалаҳои корӣ мусоидат хоҳад кард.
Одинаев Нуралӣ, ёрдамчии Котиби генералии ҶҲАТ, чорабиниро роҳбарӣ намуда, иштирокчиёнро оид ба Рӯзномаи Ҷаласа шинос намуд.
Сипас, вобаста ба масъалаи якуми рӯзномаи Ҷаласа Нодир Аминзода, масъули иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯстии ҶҲАТ оид ба истифодабарии Аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифода ва ҳимояи аломату номҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки он моҳи июни соли 2024 бо баъзе тағйироту иловаҳо дар таҳрири нав қабул гардид, баромади мухтасар намуда, ба суолҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас дод.
Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи Ҷаласа Сиддиқ Алишер, сардори бахши кадрҳои ҶҲАТ оид ба риоя намудани интизоми меҳнат дар ДИ КМ ҶҲАТ аз ҷониби кормандон баромад намуд.
Вобаста ба масъалаи сеюми Рӯзнома Ҳамдамов Ораш, сардори шуъбаи таъминоти моддию техникӣ баромад намуда, вобаста ба фаъолияти Шуъба ва мусоидат намудани фаъолияти ин Шуъба пешниҳодҳо намуд.
Баъди баргузории баромадҳо, иштирокчиён ҷиҳати ҳалли баъзе аз масъалаҳои мубрам дар фаъолияти худ ба роҳбарияти ҶҲАТ суолу пешниҳодҳо намуданд.