Баргузории ҷаласа оид ба рафти амалишавии стратегияҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

0
266

27 декабри соли 2023 дар толори Дастгоҳи иҷроияи Кумитаи Марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) чаласа оид ба иҷрои стратегияҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа роҳбарият, кормандони Дастгоҳи иҷроияи Кумитаи Марказии ҶҲАТ, роҳбарони филиалҳои вилоятӣ, минтақавӣ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Ҷаласаро Одинаев Нуралӣ, ёрдамчии Котиби генералии ҶҲАТ ҳусни оғоз бахшид.

Шумқоров Муноҷот, мутахасиси шуъбаи рушд ва ҳамкориҳои байналмилии ҶҲАТ оид ба рафти иҷроиши Стратегияи рушди ҶҲАТ барои солҳои 2020-2025 баромад намуд.

Сипас, Сангов Шуҳрат, сардори шуъбаи ҳолатҳои фавқулодаи ҶҲАТ оид ба рафти иҷроиши Стратегияи коҳиши офатҳои табии ҶҲАТ баромад намуд.

Ҳамчунин Саъдӣ Иззатов ва Фарҳод Мирзоев оид ба қисматҳои иҷтимои-тиббӣ ва фондрайзинг баромад намуданд.

Раъно Ятимова оид ба рафти иҷроиши қарорҳо ва супоришҳои роҳбарияти ҶҲАТ баромад намуд.

Сипас, Аминзода Нодир, масъули иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии ҶҲАТ оид ба самти иттилоот ва тарғиботи Стратегияи рушди ҶҲАТ баромад намуд.

Одинаев Нуралӣ, ёрдамчии Котиби генералии ҶҲАТ оид ба масъалаи бақайдгирии давлатии филиалҳои ҶҲАТ баромад намуд.

Шумқоров Муноҷот, мутахасиси шуъбаи рушд ва ҳамкориҳои байналмилии ҶҲАТ оид ба рушди сохторҳои ҶҲАТ ва қазияҳои ҷойдошта баромад намуд.

Дар интиҳои ҷаласа Одинаев Нуралӣ, ёрдамчии Котиби генералии ҶҲАТ барои беҳтар намудани иҷрои ҳамаи бандҳои Стратегияҳо, ва супоришу фармоишҳои роҳбарияти ҶҲАТ, ҳамчунин оид ба дигар фаъолияти оинномавӣ диққати махсус дода, ҷиҳати иҷрои онҳо ва фаъолияти самарабахш аз кормандон ва намояндагони филиалҳо хоҳиш намуд, ки барои рушди фаъолият ҳамаҷониба кӯшиш намоянд.

Маркази иттилоотии ҶҲАТ, ш. Душанбе, 27 декабри соли 2023