Барномаи «Иттилоот ва тарғиби ҳуқуқи Байналмилалии башардўстӣ»

0
1837

Барномаи «Иттилоот ва тарғиби ҳуқуқи байналмилалии башардўстӣ» яке аз барномаҳои муҳими Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) буда, ҳамчунин он вазифаҳои тарғиби арзишҳои башардўстона ва принсипҳои бунёдии Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва кор бо Маркази иттилоотии ҶҲАТ-ро ба зимма дорад. Барнома аз ҷониби Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх маблағгузорӣ  мегардад.

МАҚСАДИ БАРНОМА:

  • Паҳн ва тарвиҷи маълумот оид баҳуқуқи байналмиллалии инсондўстӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва дигар ташкилоту идораҳои дахлдор иҷумҳурӣ;
  • Тарғиби арзишҳои башардўстона ва принсипҳои бунёдии Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар;
  • Беҳтар кардани иттилооти дохилӣ ва берунии ҶҲАТ;
  • Иттилоъ додан оид ба фаъолияти ҶҲАТ, Ҳаракати байналмиллалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар;
  • Барқарор ва вусъат додани робита бо васоити ахбориомма;
  • Ҷобаҷогузории маводҳо ва иттилоот дар сомонаи ҶҲАТ ва дар Маркази иттилоотии ҶҲАТ;
  • Барпо намудани семинару вохуриҳо, иқдомотҳои башардўстона оид ба таърихи пайдоиши Ҳаракати байналмиллалии Салиби Сурх ва Хилоли Ахмар, фаъолияти барномаҳои ҶҲАТ дар байни хонандагони мактабхои миёна, донишгоҳҳои олӣ, кормандони тиб, хизматчиёни харбӣ, кормандони давлатӣ, омўзгорон, ташкилотхои ибтидоӣ ва ихтиёриёни ҶҲАТ;
  • Ташкили барномаҳои махсус оид  бафаъолияти ҶҲАТ дар телевизионва радио.

ФАРОГИРИИ БАРНОМА:

Вилояти Суғд (18 шаҳруноҳия), Вилояти мухтори Кўҳистони Бадахшон (7 шаҳруноҳия), минтақаи Бохтар (15 шаҳруноҳия), минтақаи Кўлоб (10 шаҳруноҳия), води Рашт (5 ноҳия), шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (14 шаҳруноҳия).

           ДАСТОВАРДҲО:

  • Пахши наворҳои телевезионӣ оид ба кӯмакҳои ҶҲАТ ба табақаҳои ниёзманди аҳолии ҷумҳурӣ, чорабиниҳои Моҳвораи ҶҲАТ тавассути шабакаи телевизионии “Тоҷикистон”, ТВ «Сафина», ТВ «Баҳористон», ТВ «Ҷаҳоннамо», ТВ «Варзиш», радиои «Тоҷикистон», радиои «Имрўз», радиои «Ховар», сомонаи интернетии «Авесто», Агентии иттилоотии “Ховар”, “Азия плюс”, маҷалаҳои вилоятӣ ва шаҳру ноҳиявӣ ва ғайраҳо;
  • Ташкили беш аз 384 баромаду вохуриҳо ва чорабиниҳои гуногун дар як сол;
  • Фарогирии беш аз 2,5 миллион нафар аҳолии ҷумҳурӣ дар як сол ва ғайраҳо.