БАРНОМАИ ҲАМСАФАР

0
680

Сиёсати солимии равонӣ ва психологию иҷтимоии Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ба фаъолиятҳое дахл дорад, ки аъзои Ҳаракат дар ҳама заминаҳои амалиётӣ анҷом медиҳанд.

Таҷриба нишон медиҳад, ки одамон бисёр вақт бо сабабҳои гуногун (низоъ, муҳоҷират ва ғ.) бе ному нишон гум мешаванд. Нопадид шудани наздикон ба хонаводаҳои бедаракшудагон таъсири амиқ гузошта, онҳо ба оқибатҳои вазнини эҳсосӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ дучор мешаванд.

Аксар вақт шахси бедаракшуда саробони хона аст, бинобар ин оилаи ӯ манбаи даромадро аз даст медиҳад, ки ин ба сатҳи зиндагии онҳо таъсири назаррас мерасонад. Баъзеҳо ҳатто эҳтиёҷоти рӯзмарраи худро, аз қабили ғизо ва либос қонеъ карда наметавонанд. Нопадидшавӣ инчунин боиси мушкилоти зиёди ҳуқуқӣ ва маъмурӣ барои оилаҳо мегардад, ки мушкилоти зиёдро эҷод мекунад. Аммо аз ҳама зиёд, оилаҳо аз набудани маълумот дар бораи наздиконашон азою кашида, номуайянӣ боиси нооромӣ, ноумедӣ ва ҷудоӣ мегардад.

Барои қонеъ кардани ниёзҳои хешовандон, КБСС дар ҳамкори бо ҶҲАТ аз соли 2015 дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон як барномаеро бо номи “Ҳамсафар” оғоз кард, ки дастгирии равониву иҷтимоии оилаҳоро таъмин мекунад. Барнома якчанд ҷанбаҳои қонеъ кардани ниёзҳои оилаҳоро дар бар мегирад. Он таъсис ва фаъолияти идомаи ба истилоҳ “гуруҳи оилавӣ”- ро дастгирӣ мекунад ва ба оилаҳо барои мубориза бо номуайянии талафоти онҳо кӯмаки равонӣ ва ба ниёзмандон кӯмаки ҳуқуқӣ мерасонад. Аз соли 2015 то имруз беш аз 2000 оилаҳо ёриҳои равониву иҷтимоӣ гирифтаанд.

Барномаи “Ҳамсафар” бо дастгирии КБСС тавассути ҶҲАТ дар се вилояти ҶТ фаъолият менамояд. Инҳо асосан ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд ва Хатлон меюошанд, ки тақрибан 500 оилаҳои бедаракшудагонро (баҳрагирандагон), ки ба ҷанги шаҳрвандӣ ва муҳоҷират вобастагӣ доранд, дар бар мегирад.

Давомнокии барнома барои ҳар як оилаи иштироккунанда дар муддати на камтар аз 12 моҳро дар бар мегирад. Он тавассути ихтиёриёни омӯзонидашудаи ҶҲАТ амалӣ карда мешавад. Дар давраи 12 моҳи Ҳамсафарӣ, ҳадди ақал 12 сессияҳои гурӯҳии 2 – 3 соата, инчунин сессияҳои/вохӯриҳои алоҳида барои оилаҳо ва/ё аъзоёни оила мутобиқи эҳтиёҷоти ҳар як оила гузаронида мешаванд.

Инчунин, ҶҲАТ оилаҳои бедаракшудагонро тавассути Роҳбаладон ба хадамотҳои мавҷудаи дахлдор, ки дорои тавоноӣ ва имконият барои ҳалли мушкилоти оилаҳо мебошанд, роҳнамоӣ мекунад.