БАРОМАД ТАВАССУТИ РАДИОИ “ШАҲРИ МАН”

0
703

Санаи 26-уми октябр, соати 15:00 тавассути барномаи мустақими Радиои “Шаҳри ман” баромади коргузори Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд Исломҷон Бобоев дар бобати натиҷаҳои фаъолияти Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд дар 9 моҳи соли 2022 сурат гирифт. Барнома мустақиман давоми 1 соат (аз 15:00 то 16:00) рӯи мавҷи 97,7 FM пахш гардид.
И. Бобоев сароғоз оид ба дирӯзу имрӯзи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон сухан кард. Гуфта шуд, ки ҶҲАТ 95 сол қабл, 23-юми декабри соли 1927 таъсис ёфтааст. Сипас ба саволҳои барандаи барнома М. Мирзоумарова дар хусуси натиҷаҳои фаъолияти Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд ҷавобҳои қаноатбахш  гардонида шуданд. Бахусус, оид ба чорабиниҳои ташкил ва гузаронидаи кормандону волонтёрони филиалҳои ҶҲАТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, муроҷиати шаҳрвандон, сари вақт кӯмак расонидан ба табақаи ниёзманди ҷомеа, рафти амалишавии барномаву лоиҳаҳо ва ғайра маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Ҳамкории судманди ҶҲАТ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳо махсусан қайд карда шуд.
Ҳамзамон, дар бораи рафти амалишавии Лоиҳаи “ЕСНО РРР” дар 21 деҳаи мақсадноки 7 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Ҳамин тавр, дар давоми як соат тавассути барномаи мустақими “Шаҳри ман дар Шаҳри ман”, ки аз мавҷи 97,7 FM – Радиои”Шаҳри ман” пахш гардид, дар хусуси дастовардҳои назарраси Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд дар давоми 9 моҳи соли равон маълумот дода шуд.