Бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ, ки ҳамасола санаи 13-уми октябр бо Қарори Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид гузаронида мешавад. Дар доираи Лоиҳаи “ЕСНО РРР” тавассути Радиои “Замон”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ислом Бобоев-корманди масъули лоиҳа дар ноҳияи Б.Ғафуров дар барномаи мустақими “Сӯҳбати рӯз” иштирок намуда баромад карданд.
Сароғоз дар бобати таърихи таъсисёбии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва фаъолияти Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд дар давоми 9 моҳи соли 2022 сухан карда шуд. Сипас, оид ба Лоиҳаи “ЕСНО РРР” ва ҷараёни амалишавии он дар 7 шаҳру ноҳияи мақсадноки вилояти Суғд, бахусус 3 деҳаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маълумоти муфассал дода шуд. Дар рафти барномаи мустақим ба якчанд саволи шунавандагони Радиои “Замон” – мавҷи 107,5 FM вобаста ба вазифаҳои асосии ҶҲАТ посух дода шуд. Хотиррасон менамем, ки давраи фарогирии мавҷи радиои “Замон” 60 000 нафарро ташкил медиҳад. Сабти пурраи Барномаи мустақими “Сӯҳбати рӯз”-и Радиои “Замон” дастрас ва нигоҳ дошта мешавад.