Баррасии ҳамкории Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо Дафтари минтақавии Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар вилояти Суғд

0
646

Дар вилояти Суғд мулоқоти намояндагони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо роҳбарияти Дафтари минтақавии Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар вилоят баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаи тақсимоти бастаҳои маводи хӯрока ба аҳолии ниёзманди вилояти Суғд, ки дар якҷоягӣ амалӣ карда мешавад, баррасӣ шуд.

Таъкид гардид, ки давоми моҳҳои октябр-ноябри соли 2022 дар доираи ҳамкории башардӯстона ва ҳамзамон татбиқи лоиҳаи хурди муштарак байни ҶҲАТ ва ЮНИСЕФ, ки аз тарафи Барномаи озуқавории СММ маблағгузорӣ карда мешавад, арзёбӣ оид ба амнияти озуқаворӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд гузаронида шуд.