Пањн намудани маълумот оид ба Њуќукї байналмиллалии инсондўстї яке аз вазифањои Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон мебошад, ки он дар Ќонуни ЉумњурииТољикистон «Дар бораи Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон» зикр гардидааст.
Вобаста ба ин, санаи 18.12.2020 сол дар Донишгоњи давлатии «Њуќуќ, бизнес ва сиёсати Тољикистон» конфронси илмї- амалї доир гардид. Ќайд кардан ба маврид аст, ки чорабинии мазкур бахшида ба 23 декабр – Рўзи таъсисёбии Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон равона гардида он бо иштироки васеи устодон, донишљўёни факултаи њуќуќшиносї, намояндагони Кумитаи Байналмиллалии Салиби Сурх ва бахши вилоятии Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон баргузор гардид.
Дар оѓоз Ангелика Шопп – сардори намояндагии Кумитаи Байналмилллаии Салиби Сурх дар Тољикистон бо сухани ифтитоњї баромад намуда ба кори конфронс бурдборињо хост.
Дар умум, 7 маърўзањои омодашудаи олимони љавон ва донишљўён тањти баррасї ќарор ёфта дар рафти конфронс 3 маърўза дар мавзўњои зерин шунида шуданд:
– Таъмини сулњ ва њимояи шаъну шарафи инсон дар њуќуќи байналмиллалии башардўстї;
– Асосњои меъёриву њуќуќии Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон;
-Амалишавии њуќуќњои кўдак дар Љумњурии Тољикистон;
Сипас, аз љониби кормандони ташкилот доир ба фаъолияти бахши Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон дар вилояти Суѓд низ маълумот пешнињод гардид.
Пас аз шунидани маърузањо љои аввал ба Абдувоњидов М. – ассистенти коромўзи кафедраи њуќуќи соњибкорї ва байналмиллалї, љои дувум ба Одиев И. ва љои сеюм ба Љалолов С. – донишљўёни курси 4 сазовор дониста шуд. Љоизадорон бо ифтихорномаи бахши вилоятии Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон ва тўњфањои хотиравї ќадрдонї гардиданд.
Дар охир Тољибоев Ш.А. – декани факултаи њуќуќшиносии донишгоњ кормандони Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистонро бо рузи иди касбиашон табрик намуда ќайд кард, ки раёсати донишгоњ дар оянда низ барои њамкории пайваста бо ташкилот кўшиш ба харљ медињад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки конфронси мазкур бо дастгирии Кумитаи Байналмиллалии Салиби Сурх гузаронида шуд.