Имрӯз бо ташаббуси Иттиҳоди Аврупо ва ЮНИСЕФ ба Беморхонаи марказии ноҳияи Ванҷ як адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) ба маблағи 323 ҳазору 457 сомонӣ ҳамчун тӯҳфа тақдим шуд, ки дар расонидани ин кӯмаки башардӯстона Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон саҳм гузошт. Тавре гуфта мешавад, чунин иқдоми эҳсонкорона дар дигар шаҳру навоҳии кишвар низ амалӣ хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар пайи хуруҷи коронавирус ҶҲАТ ҷиҳати пешгирӣ аз ин беморӣ дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиву тарғиботиро роҳандозӣ намуда, ҳамчунин ба оилаҳои эҳтиёҷманд кӯмакҳои башардӯстона мерасонад.