Беҳдошти саломатӣ

0
2156

Шўъбаи тибби-иҷтимоии ҶҲАТ фаъолияти худро мувофиқи нишондодҳои Дурнамои глобалии федерасионӣ оид ба тандурустӣ 2006-2010, Дурнамои миллӣ оид ба рушд 2006-2015; Дурнамо оид ба паст намудани камбизоатӣ 2007-2009, Барномаи миллии мубориза алайҳи бемории ВНМО/АНММ (ВИЧ/СПИД), Барномаи миллии мубориза алайҳи бемории сил ва Қонуни ҶТ оиди тандурустӣ ба роҳ монда, дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои хориҷӣ ва сохторҳои давлатӣ фаъолияти худро дар сатхи барномахои пешгирии ВНМО/БНММ (ВИЧ\СПИД), мубориза алайҳи бемории сил, омўзиши аҳолии деҳот ба қоидаҳои расонидани ёрии аввал ва омўзиши аҳолӣ оиди пешгирии бемориҳои сирояткунанда, таъмин намудани аҳолӣ бо оби тозаи чашма, барномаи иҷтимоӣ, барномаи Ҳамкории шабакавии байналмилалӣ ва барномаи «Рӯзҳои миллии эмкунӣ» амалӣ мегардонад. Дар тӯли cоли 2009 шуъбаи тиббӣ-иҷтимоии ҶҲАТ дар сатҳи барномаҳо корҳои зеринро иҷро намудааст:

БАРНОМАИ ПЕШГИРИИ ВНМО 

Дар сатҳи барномаи «Пешгирии ВНМО/АНММ (ВИЧ\СПИД)» зиёда аз 1000 вохўриҳо дар байни аҳолии мақсаднок гузаронида шудааст, ки дар он 26.810 аҳолӣ омўзонида шудаанд. Дар аввали нимсолаи дуюм дар сатҳи барномаи «Паст намудани зарар аз маводҳои нашъаовар» 6 нуқтаи боварӣ ҷудо гардида шудааст ва фаъолияти онҳо оғоз ёфт, ки умуман 832 намояндаи гурўҳи мақсаднок дарбар гирифта шудаанд.

Бо Хазинаи Глобалӣ созишнома оиди ҳамкорӣ ба имзо расидааст ва дар чаҳорчӯби созишнома ба нуқтаҳои боварӣ 76.000 сӯзандору, 14.400 рифола, 6.000 маводҳои иттилоотӣ тақсим карда шудааст. 6 нуқтаи боварӣ таъмир шудаанд ва бо мизу курсӣ таҷҳизонида шудаанд.

БАРНОМАИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ БЕМОРИИ СИЛ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи «Мубориза алайхи бемории сил» дар рафти фаъолият кормандони ноҳиявии барнома (Ваҳдат ва Ҳисор) дар ҳамкорӣ бо марказҳои ноҳиявии бемории сил 2136 гумонбаршударо бо аломатҳои сил, 167 нафар, ки гирифтори бемории сил мебошанд, муайян гардидаанд (хориҷкунандаи чубчамикроби Кох), ки аз ҳисоби гумонбаршудагон 393 нафарро ихтиёриёни барнома ба ташхис равона кардаанд, ки аз онҳо 8 нафар дарёфт шудаанд. 2.144 маротиба вохўриҳо ва омўзишҳо мувофиқи нақшаи корӣ бо 60.550 аҳолӣ ва кормандони тибби ноҳия оиди пешгирии бемории сил ва ВНМБ/БПНМ гузаронида шудааст.

Оиди пешгирии бемории сил бо дастгирии Лоиҳаи озуқавории ҷахонӣ барои 425 беморони сил ва 1.368 аъзоёни оилаашон 89,6 тонн орд, 8 тонн равған, 21 тонн нахуд, 2,5 тонн намаки йоднок тақсим шудааст. Мувофиқи нақшаи кории барнома ба марказҳои ноҳиявии бемории сил барои ташхиси беморони мутобиқгашта ва аъзоёни оилаашон 15 рулони пленкаи флирографӣ ва ва 300 дона пленкаи рентгенӣ ҷудо шуд. Дар сатҳи барнома бахшида ба Рўзи ҷаҳонии «Мубориза алайҳи бемории сил» дар 21 ноҳияи ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо барномаҳои CBFA ва «Кор бо ҷавонон» чорабиниҳои зиёд гузаштааст, аз он ҷумла, автомарафон дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва Вахдат маъракаҳо дар донишгоҳҳо, чорабиниҳо бо кормандони соҳаи тандурустӣ дар ноҳияҳо, баромадҳо дар телевизион, радио ва мақолаҳо дар газетаҳои ноҳиявӣ ва барои 60 нафар беморонӣ сили мутобиқгашта бастаҳои ғизоӣ тақсим шудааст.

БАРНОМАИ БЕҲТАРГАРДОНИИ СИФАТИ ҲАЁТ БО ВОСИТАИ ЁРИИ АВВАЛ ДАР САТҲИ ҶОМЕА

Дар давоми фаъолияти барномаи «Беҳтар гардонии сифати ҳайёт бо воситаи ёрии аввал дар сатҳи ҷомеа» 40 семинари омўзишӣ, семинари омўзишӣ оиди маблағҷамкунӣ барои мутахассисони Кумитаи Марказӣ гузаронида шудааст, 21 чорабинӣ бахшида ба Рўзҳои ҷаҳонии «Мубориза алайҳи бемории сил» ва «Ҳифзи саломатӣ» гузаронида шудааст. 1440 ихтиёриён 15.906 аҳолии деҳот ва 7.070 мактабачагонро оиди расонидани ёрии аввал ва пешгирии бемориҳо омўзонидаанд. 25 марказҳои минтақавӣ ва ноҳиявии барнома иловатан таҷҳизонида шудаанд. Соли 2010 дар сатҳи гузаронидани семинарҳои маблағӣ барои ташкилотҳои хориҷии ОБСЕ, ACTED, Ҳайати шавқат, Наҷоти кўдакон, CARITAS, OXFAM ва ғайра барнома ба хазинаи худ 89.707 сомониро ворид кард.

БАРНОМАИ ЁРИИ АВВАЛ ВА СОЛИМИИ ҶОМЕА

Аз моҳи апрели соли ҷорӣ барномаи «Ёрии аввал ва солимии ҷомеа», ки бо дастгирии Салиби Сурхи Финланд маблағгузорӣ мешавад, корро оғоз кард. Барномаи «Ёрии аввал ва солимии ҷомеа» дар давоми се сол дар ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тавилдара ва Файзобод фаъолияти худро амалӣ менамояд. Дар саршавии барнома кормандони он муайян гардидаанд, конфронси дохилшавӣ гузаронида шудааст, ки дар он кормандони ташкилотҳои хориҷӣ, КМ ҶҲАТ ва сохторҳои давлатӣ, аз он ҷумла маориф ва тандурустӣ иштирок намудаанд. Дар рафти фаъолияти барнома 120 ихтиёриён омўзонида шудаанд ва фаъолияти худро оиди омўхтани аҳолии деҳот оғоз намудаанд. То охири моҳи декабри соли 2010 аз тарафи барнома 12 чорабинӣ бахшида ба рўзҳои умумиҷаҳонии мубориза алайҳи бемориҳои сил, ВНМБ/БПНМ, ёрии аввал ва фалаҷ гузаронида шудаанд.

БАРНОМАИ ҲАМКОРИИ ШАБАКАВИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар сатҳи барнома 12 маркази тиббии машваратӣ бо маводҳои компютерӣ таҷҳизонида шудаанд ва барои истифодабарии онҳо семинари омўзишӣ барои кормандони ноҳиявии барнома гузаронида шудааст. Дар давоми соли 2010 кормандони ноҳиявии барнома зиёда аз 1000 саволҳои аҳолии деҳотро дар платформаи барнома паҳш намудаанд, ва ба онҳо ҷавобашро қабул карданд. Мувофиқи пешниҳоди Вазорати тандурустии ҶТ ва ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ҶҲАТ дар рўзҳои миллии эмкунӣ бар зидди бемории фалаҷ дар 21 ноҳияи ҶТ иштирок намудааст. Дар сатҳи ин барнома 420 ихтиёрӣ дарбар гирифта шудааст, ки он ихтиёриён дар давоми 5 марҳилаи эмгузаронӣ зиёда аз 70.000 хоҷагӣ, 370.000 аҳолӣ ахборот оиди гузаронидани рўзҳои миллии эмкунӣ хабардор намудаанд ва 200.000 кўдаконро ба нуқтаҳои эмкунӣ равона кардаанд.

БАРНОМАИ БЕҲДОШТИИ ОБ

Дар соли 2010 дар сатҳи барномаи «Беҳдоштии об» бо дастгирии Салиби Сурхи Испания 8 лоиҳаи обтаъминкунӣ дар ноҳияҳои вилояти Суғд, Хатлон интихоб гардидаанд ва фаъолияти худро оғоз намудаанд. Аз тарафи ФБҶ СС ваҲА 7 лоиҳа дастирӣ шудаанд, ки умуман 15 лоиҳа дастгирии худро ёфт. Мувофиқи нақша 15 лоиҳаи обтаъминкунии пешниҳодшуда ба анҷом расид. 20 семинари омўзишӣ барои аҳолии деҳот гузаронида шудааст, ки дар онҳо 280 ихтиёриёни барнома қабул шудаанд. Дар рафти гузаронидани семинарҳои омўзишӣ 15 ташкилоти ибтидоӣ ташкил шудааст ва 64 нафар аъзо қабул шудаанд. Дар таърихи 5-уми октябри соли 2010 дар ш. Душанбе ва ноҳияи Ғончӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии «Шустўшуи даст» 2 чорабинӣ гузаронида шудааст, ки дар онҳо саҳначаҳо оиди беҳдоштӣ, озмунҳои расмкашӣ гузаронида шудаанд ва ғолибон соҳиби тўҳфаҳои арзанда гаштаанд. Дар давоми соли 2010 фаъолияти барнома 4 маротиба дар радио ва телевизион пахш гардидааст.

ПЕШГИРИИ ЗУКОМИ НАВ

Дар сатҳи барномаи «Пешгирии зукоми нав» семинари омўзишӣ барои танзимгарони тандурустии минтақавии барнома гузаронида шудааст ва пас аз он 9 семинари омўзишӣ барои 288 ихтиёрии барнома гузаронида шудааст. Ихтиёриёни барнома зиёда аз 40.000 аҳолии ноҳияҳои Ашт, Панҷ, Қумсангир ва Турсунзадаро оиди пешгирии зуком ва назорати бемор дар ваъзи гирифтор шудани зуком омўзонидаанд. Дар сатҳи барнома нақшаи вокуниш дар вазъияти паҳн шудани зукоми нав тасдиқ гардидааст ва 4 гурўҳи омадагӣ ва вокуниш ташкил шудааст.

БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪЛУМОТНОКИИ АҲОЛӢ ОИД БА ПЕШГИРӢ ВА ТАБОБАТИ БЕМОРИИ СИЛ

Дар сатҳи барномаи «Баланд бардоштани маълумоти аҳолӣ оиди пешгирӣ ва табобати бемории сил», ки дар вилояти Суғд фаъолият менамояд (ш. Исфара, Ашт, Масчоҳ, Ҷ. Расулов) ва аз тарафи Хазинаи Глобалӣ дастгирӣ шудааст, аз моҳи июли соли ҷорӣ оғоз шудааст, кормандони барнома муайян шудаанд ва 8 семинари омўзишӣ барои ихтиёриёни барнома гузаронида шудааст. Дар нақшаи кории барнома, бо пешниҳоди Хазинаи Глобалӣ иловагӣ дохил шудааст, ҳар як ихтиёрии барнома як бемории силро, ки аз тарафи маркази вилоятии бемории сил ҷудо карда шудааст, табобати ҳаррўзаи беморро назорат менамоянд.