Санаҳои 14-18 декабри соли 2020 дар шаҳри Душанбе тибқи нақшаи кории Дастгоҳи иҷроияи Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо дастгирии молиявии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС)Тренинги 5-рӯза аз рӯи барномаи “Омӯзиши шаҳрвандон ҷиҳати расонидани ёрии аввали тодухтурӣ” барои тренерон/инструкторон, кормандон, аъзо ва волонтёрони ҶҲАТ (ТоТ) доир гардид.
Дар он намояндагони бахшҳои ҶҲАТ дар вилоят, минтақа ва чанде аз шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок намуданд.
Дар оғози тренинг муовини Котиби генералии ҶҲАТ Мирова Дилором Саидовна иштирокдоронро хайра мақдам гуфта, оид ба ҳадафи ташкил ва гузаронидани тренинги ТоТ сухан кард. Гуфта шуд, ки ҳар як корманд, аъзо ва волонтёри ҶҲАТ бояд сараввал худаш тарзи дуруст расонидани Ёрии аввали тодухтуриро ба зарардидагону осебдидагони ҳодисаҳои фавқулода ва офатҳоитабиӣ ҳамаҷониба омӯзад ва сипас ба шаҳрвандони синну сол ва касбу кори мухталиф омӯзонад.
Дар оғози тренинг аз ҷониби кормандони ҶҲАТ ва КБСС оид ба Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва ҶҲАТ маълумоти зарурӣ пешниҳод карда шуд.
Сипас устоди варзида, тренери соҳибтаҷриба Мирова Дилором Саидовна қадам ба қадам роҳҳои дуруст ташкил намудан ва гузаронидани чунин тренингро ба иштирокчиён фаҳмонд. Яъне, аз корҳои омодагии ҳамаҷониба ба тренинг то педагогикаи таълим, аз принсипҳои асосии расонидани ёрии аввали тодухтурӣ то боздоштани хунравии шадид, аз нафасдиҳии сунъӣ ва масҳи дил то нишондодани тарзи дурусти онҳо дар муляж, аз захм ва намудҳои он то кӯмаки иҷтимоии равонӣ, аз газидани ҳайвоноту ҳашарот то латхӯрӣ ва ё осеббинию намудҳои он, аз бурдани шахси осебдида (зарардида) ё худ транспортировка ва намудҳои он то наҷотдиҳии шахс аз марг ва ғайра.
Бо баробари пешниҳоди назария оид ба ин ё он мавзӯъ устоди тренерон Мирова Д.С. аз иштирокчиёни тренинг талаб намуд, ки дониши гирифтаи худро бо амалия мустаҳкам намоянд. Яъне, назария бо амалия тавъам шуданд.
Чун яке аз вазифаҳои асосии кормандони ҶҲАТ расонидани кӯмаки аввали равонӣ (психологӣ) низ мебошад, дар рӯзи охирини тренинг тренери соҳибистеъдод Мадина Иргашева усули дурусти расонидани кӯмаки аввали равониро барои иштирокдорон омӯзонд.
Ҳамин тавр, давоми 5 рӯз иштирокчиёни тренинг роҳу усули дурусти расонидани Ёрии аввали тодухтуриро ба шахси зарардида ҳамаҷониба омӯхтанд ва омодагии худро дар ин самт баён намуданд.
Хулоса, тренинги 5-рӯза (ТоТ) аз рӯи барномаи “Омӯзиши шаҳрвандон ҷиҳати расонидани ёрии аввали тодухтурӣ” барои тренерон/инструкторон, кормандон, аъзо ва волонтёрони ҶҲАТ хеле манфиатовар, хотирмон ва шавқовару дилписанд баргузор гардид.