БОЗБИНИИ НАҚШАИ МИЛЛИИ ЭҲТИЁТИИ ҶҲАТ

0
116

14 – 16 августи соли 2024 дар толори конфронсии Меҳмонхонаи “Румӣ”-и шаҳри Душанбе cеминари серӯза оид ба бозбинии Нақшаи миллии эҳтиётии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) оид ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода (аз рӯи сенарияи офатҳои миқёси калон, бӯҳронҳои эпидемиявӣ ва ҳаракати аҳолӣ) баргузор гардид.

Чорабинӣ тибқи Нақшаи кории Шӯъбаи ҳолатҳои фавқулодаи Кумитаи марказии ҶҲАТ ва дар доираи амалишавии соли сеюми Лоиҳаи “Суръат бахшидани фаъолиятҳои маҳаллӣ дар шароити буҳронҳои гуманитарӣ ва тандурустӣ (ЕСНО-РРР)” сурат гирифт.

Дар Семинар бо баробари шарикони ҳаракат, роҳбарият ва кормандони Кумитаи марказии ҶҲАТ, ҳамчунин намояндагони вилояту минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон, бахусус ҳамоҳангсозони Марказҳои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи ҶҲАТ дар вилоятҳо иштирок намуданд.

Семинарро муовини Котиби генералии ҶҲАТ Дилором Мирова ҳусни оғоз бахшида, ҳамагонро хайра мақдам гуфт ва ба кори он барор хост.
Дар давоми 3 рӯз тибқи Барномаи қаблан омодашуда фасилитаторон аз Салиби Сурхи Канада Анастасия Киселёва ва Алфия Сорокина ба иштирокдорон доир ба мавзӯи болозикр маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Иштирокдорон ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, тибқи вазифагузориҳо аз рӯи сенарияҳо Нақшаи миллии эҳтиётии ҶҲАТ оид ба вокуниш дар ҳолатҳои фавқулодаро бозбинӣ намуданд. Ба гурӯҳҳо барои коркарди сенарияҳо 5 мавзӯи асосӣ: заминларза, сел, пешгирии эпидемия, гурезаҳои афғон ва муноқишаҳои наздисарҳадӣ тақсим карда шуданд.

Ҳангоми муаррифии корҳои гурӯҳӣ барои дурусту комилтар шудани Нақшаи миллии эҳтиётии ҶҲАТ оид ба вокуниш ба ҲФ, сардори Шӯъбаи ҳолатҳои фавқулодаи Кумитаи марказии ҶҲАТ Шӯҳрат Сангов фикру андешаҳои худро иброз намуд.

Дар рафти семинар нақшаи вокуниш аз рӯи ҳамаи хавфу хатарҳо мавриди бозбинӣ ва коркард қарор дода шуд. Ҳамзамон, захираҳои ҶҲАТ ва фаъолият оид ба таъминоти омодагӣ ба вокуниш ба ҲФ таҳлил гардид.

Ҳамин тавр, дар давоми 3 рӯз аз ҷониби иштирокдорони семинар Нақшаи миллии эҳтиётии ҶҲАТ оид ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода ҳамаҷониба бозбинӣ гардида, андешаю пешниҳодҳо ба эътибор гирифта шуданд.

Хотиррасон менамоем, ки Лоиҳаи “ЕСНО-РРР” шурӯъ аз моҳи майи соли 2022 инҷониб бо дастгирии молиявии Дафтари башардӯстонаи Иттиҳоди Аврупо, Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Салиби Сурхи Олмон, Салиби Сурхи Финляндия ва Салиби Сурхи Италия аз ҷониби кормандону волонтёрони ҶҲАТ дар 7 шаҳру ноҳияи мақсадноки вилояти Суғд: Исфара, Панҷакент, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ ва Ашт дар амал тадбиқ шуда истодааст.