20 майи соли 2023 Ҷаган Чапагайн, котиби генералии Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶСС ва ҲА) дар ҳамбастагӣ бо Қурбониён Баҳодур, котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) аз филиали ҶҲАТ дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон боздид намуданд.
Зимни боздид меҳмонон бо Абдуҷаббор Ҳотамов, роҳбари филиали минтақавии ҶҲАТ дар минтақаи Бохтар, кормандон, волонтёрон ва аъзоёни гурӯхи миллии вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда ва офатҳои табии он вохурӣ намуда, аз кору фаъолияти ин филиал, ки 15 филиалҳои ҶҲАТ-ро дар 15 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамоҳанг месозад, шинос гардиданд.
Баъди вохурӣ меҳмонон аз деҳаи Саноати ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки дар онҷо ҶҲАТ лоиҳаи митигатсионии мустаҳкамкунии соҳилҳоро бо дастгирии Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар амалӣ намуда, канали Парчовро тоза намуд, боздид ба амал оварданд.
Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 20 майи соли 2023