Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар доираи фаъолияти башардӯстона бо дастгирии Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ба аҳолии аз офатҳои табиӣ осебдида мунтазам кумакҳо дастрас намуда, ҷиҳати мустаҳкамкунии иқтидори маҳалҳои осебпазир тавассути коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ ёрии амалӣ мерасонад.
3 июн дар деҳаҳои Чашмабозор ва Кафшдӯзони Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳии шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини якуми Котиби генералии ҶҲАТ Нурулло Файзализода, раиси Иттифоқи касабаи ҶҲАТ Мулосафар Сафаров, котиби иҷроияи Ҷамъият дар шаҳри Ҳисор Хуршед Мардонов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД-и шаҳр Фаррух Аловиддинов, раиси Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ Умаралӣ Орипов ва фаъолони деҳа ду пул мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бояд гуфт, ки пули мошингузаре, ки дар деҳаи Чашмабозор дар болои рӯди мавсимии маркази деҳа сохта шудааст, андозааш 9х4,5 метр буда, ду тарафи деҳаро ба ҳам мепайвандад ва барои равуои бемамонияти сокинони деҳа мусоидат мекунад. Дар гузашта, ҳангоми селборишҳо мавзеи мазкур барои гузаштани сокинони деҳа ба ду ҷониб хатарнок маҳсуб меёфт ва барои гузаштан ба ҷониби муқобил зарурияти тай намудани 2-3 километр роҳ пеш меомад.
Пули пиёдагард бо дарозии 12 метр дар деҳаи Кафшдӯзон болои рӯди мавсимӣ ё худ селраҳае, ки аз байни деҳа мегузарад, ба истифода дода шуд. Рӯди мазкур дар мавсими боронгариҳо сокинони деҳа, бахусус мактаббачагонро ҳангоми убури он ба ташвиш оварда меовард. Ҳангоми боришот соатҳои зиёд сокинон ва мактаббачаҳоро лозим меомад то паст шудани шиддати резиши об дар ду соҳили рӯди пурхатар интизор монанд.
Пулҳо дар деҳаҳои Чашмабозор ва Кафшдӯзон бо маблағгузории ҶҲАТ аз ҷониби аҳолӣ бо усули ҳашар сохта шуданд.