Бо ибтикори филиали ҶҲАТ дар ноҳияи Рашт мусобиқаи футбол доир гардид

0
81

Дар ноҳияи Рашт бо ибтикори филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиш мусобиқаи футбол миёни кормандони муассисаву ташкилотҳо баргузор гардид.

Мавриди зикр аст, ки мусобиқаи мазкур дар доираи моҳвораи ҶҲАТ, нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 95-солагии Ҷамъият ва ба ифтихори Рӯзи ҷавонон бо усули деҳа ба деҳа ҷиҳати дарёфти наврасони боистеъдод ва ҷалби онҳо ба ин намуди варзиш гузаронида шуд.

Дар интиҳои мусобиқа ба ғолибон ва фаъолон аз ҷониби филиали ҶҲАТ туҳфаҳо тақдим гардиданд.