Волонтёрони – илҳомбахши корҳои нек ва эҷоди фаъолияти башардӯстии Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

0
73

Волонтёрони – илҳомбахши корҳои нек ва эҷоди фаъолияти башардӯстии Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

5 декабр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар саросари ҷаҳон Рӯзи волонтёрон таҷлил мегардад. Ин ид барои онҳое мебошад, ки ҳамеша омодаи кумак ҳастанд.

Рӯзи волонтёрон соли 1985 аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) таъсис дода шудааст. Ин тасмим пас аз он гирифта шуд, ки бисёр кишварҳо ба таҳияи фаъолонаи барномаҳои кӯмаки волонтёрон шурӯъ карданд. Санаи 5 декабрь тасодуфӣ интихоб карда нашудааст: маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1984 аввалин конференсияи Ҳаракати байналмилалӣ барои сулҳ ва ҳамфикрӣ баргузор шуд, ки дар он масъалаҳои иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти ҷомеа тавассути волонтёрӣ муҳокима карда шуданд.

Рӯзи волонтёронро ҳар касе, ки ба ҷомеа ба таври ройгон кӯмак мерасонад ва қувва ва вақти худро дареғ намедорад, метавонад иди худ ҳисобида, ҷашн гирад.

Ин ид ба одамоне бахшида шудааст, ки омодаанд вақт, дониш ва неруи худро барои дастгирии дигарон ва тағйир додани ҳаёти атрофи худ ба сӯи беҳтар сарф кунанд. Волонтёрӣ на танҳо кумак кардан аст. Ин амалест, ки одамонро муттаҳид мекунад, барои корҳои нек илҳом мебахшад ва баҳри сохтани оянда ёрӣ мерасонад.

Дар Тоҷикистон фаъолияти волонтёрӣ ҳамеша ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанг буд. Анъанаи “ҳашар”, ки ҳамсояҳо барои ҳалли муштараки мушкилоти умумӣ ҷамъ меоянд, асрҳо боз боқӣ мондааст. Ин анъанаҳо ба таҳкими робитаҳои дохили ҷомеа мусоидат менамоянд ва дар ҷаҳони муосир онҳо шаклҳои нав пайдо мекунанд. Имрӯз волонтёрони Тоҷикистон дар барномаҳои таълимӣ ширкат меварзанд, ба мактабҳои деҳот ёрӣ мерасонанд, маъракаҳои экологӣ мегузаронанд ва оилаҳои дар шароити вазнини зиндагӣ қарордоштаро дастгирӣ мекунанд. Барномаи волонтёрони СММ (UNV) чанде қабл гузориши аввалини минтақавии худ – “Шарҳи волонтёрӣ дар Осиёи Марказӣ”-ро нашр кард. Ин ҳуҷҷат беназир аст: он маълумот дар бораи волонтёрӣ дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистонро ҷамъ овардааст. Дар гузориш бо мисолҳои мушаххас нишон дода шудааст, ки чӣ тавр ихтиёриён дар ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ кумак мерасонанд. Масалан, дар Тоҷикистон волонтёрон дар доираи маъракаҳои экологӣ барои беҳтар кардани шароити мактабҳои деҳот, ташкили чорабиниҳои маърифатӣ ва шинондани дарахтон фаъолона кор мекунанд. Ҳисобот инчунин таҳлили мушкилоти асосии волонтёронро дар бар мегирад ва тавсияҳо барои рушдро пешниҳод мекунад. Аз ҷумла эҷоди барномаҳои таълимӣ барои волонтёрон, ҷорӣ намудани платформаҳои рақамӣ барои ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо ва тавсеаи ҳамкорӣ дар самти тиҷорат. Фаъолияти ҷузъҳои Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар низ асосан тавассути волонтёрон амалӣ мегарданд.

Ҳоло дар саросари ҷаҳон беш аз 16 миллион волонтёрон дар фаъолияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари 191 кишварҳои ҷаҳон фаъолият менамоянд.

Беш аз 10 000 волонтёрон ҳамчунин дар фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) кӯмак мерасонанд.

Сабрина, яке аз волонтёри ҶҲАТ чунин қайд намуд:  “Ҳамчун як нафар волонтёри ҷавон дар Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, ман мефахрам, ки аз фаъолияти ман шахсони ниёзманду ранҷкашида, дардманду барҷомонда, ятиму бепарстор баҳра мебаранд. Ин инсондӯстии мо, қобилияти эътироф кардани ранҷу азобҳои инсонии мост… ки ба ҳар яки мо имкон медиҳад, ки дасти ёрии хешро ба ниёзмандтарин табақаҳои аҳолӣ кӯмак намоем.”

Чорабиниҳои Рӯзи байналмилалии волонтёрон инчунин як имкони эҳтиром ва таҷлили саҳми зиёди мусбӣ ҳастанд, ки волонтёрон ҳамарӯза дар ҷомеаҳои худ хидмат менамоянд.

Ба сафи волонтёрони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳамроҳ шавед ва як ҷузъи ҳаракати муҳими волонтёрон шавед, ки ҳаёти ҳазорон инсонҳоро наҷот дода, дар фаъолияти башардӯстонаи он саҳми хешро гузоред!