Волонтёрони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар ҳамаи фаъоляити башардӯстии Ҷамъият дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъоланд.
Махсусан дар ин вазъияте, ки ҷомеаи ҷаҳониро бемории сироятии коронавирус (COVID-19) фаро гирифтааст, волонтёрони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз моҳи март то имрӯз корҳои иттилоотиву тарғиботиро оид ба пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дар байни аҳолии кишвар мебаранд.
Дар шаҳри Душанбе низ, аз оғози паҳншавии бемории COVID-19 корҳои таблиғотиро 20 нафар волонтёрони омӯзонидашудаи бахши ҶҲАТ амалӣ менамояд.
Яке аз волонтёри собиқадори Ҷамъият Зокирова Саломат, ки худ ҳамшираи шавқат аст, зиёда аз 20 сол боз дар фаъолияти башардӯстонаи ҶҲАТ фаъолона ширкат меварзад. ӯ ҳамчунин дар Хадамоти аёдати ҶҲАТ дар шаҳри Душанбе пирони яккаву танҳоро ташриф намуда, ба онҳо кӯмаки ҷамъиятро расонида, аз аҳволи онҳо доимо хабар мегирад.
Волонтёри дигари ҶҲАТ Додова Узбаквӣ зиёда аз 15 сол боз дар самтҳои гуногуни хайриявию эҳсонкории ҶҲАТ ба ниёзмандони шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ кӯмак менамояд.
Ҳарчанд ин ду волонтёр аз синни 60 сола боло ҳам бошанд, вале онҳо ҳамеша ба мардуми ниёзманди кишвар, аз қабили шахсони дорои маъюбият дошта, кӯдакони ятим, пиронсолони яккаву танҳо, маризон, шахсони аз офатҳои табиӣ осебдида ва дигар табақаҳои ниёзманди кишвар кӯмаки ҷамъиятро мерасонанд. Ин амали онҳо дорои тавсифу таҳсин аст. Аҳсан ба онҳо!
Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 12 июни соли 2020