Волонтёрони бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар вилояти Суғд ҳамарўза кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки донишу малакаи худро дар самти омодагӣ ва эътино ба офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқуллода такмил диҳанд, зеро масъулияти асосии онҳо ҳангоми рух додани офати табиӣ асосан ба нафарони ҷабрдида ва эҳтиёҷманд кўмак расонидан аст.
Бо ин мақсад санаи 14 августи соли ҷорӣ, дар маркази шаҳри Хуҷанд бо волонтёрон машқи амалӣ дар мавзўи “Расонидани ёрии аввали то духтурӣ” гузаронида шуд. Онҳо дар амал тарзи дурусти расонидани кўмак ҳангоми хунравӣ,шикастабандии устухони даст, ёрӣ расонидан ҳангоми садамаи нақлиётӣ ва ғайраро нишон доданд.
Бояд қайд намуд, ки дар бахши вилоятии ҶҲАТ барномаи кор бо ҷавонон татбиқ мегардад, ки он шумораи зиёди волонтёронро муттаҳид месозад. Дар оянда ин гуруҳи волонёрон тасмим гирифтаанд, ки доир ба расонидани кўмаки аввалини равонӣ низ омўзиш ва машқхои амалӣ гузаронанд.