Вохурии котиби Генералии ҶҲАТ бо Элхадҷ Ас Си

0
1961

  6 декабри соли 2019 Баҳодур Қурбониён, Котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар шаҳри Женеваи Шветсария бо Элхадҷ Ас Си, Котиби генералии Федератсияи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБССваҲА),  доктор Фавзи Амин, Котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Ахмари Бахрейн ва доктор Керем Киник, Президенти Ҷамъияти Ҳилоли Ахмари Туркия вохурӣ намуд.

Дар рафти вохурӣ масъалаҳо оид ба ҷалби лоиҳаҳои хайриявию эҳсонкорӣ дар соҳаҳои пешгирии ҳолатҳои фавқулода, пешгирии бемориҳои сироятӣ, кашидани хатти оби нўшокӣ, дастгирии ятимону ниёзмандон ва дигар мавзуъҳо қобили таваҷҷуҳи ҷонибҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Бояд иттилоъ дод, ки имрўзҳо роҳбарони Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Маркази байналмилалии Конфронс (CICG) дар шаҳри Женеваи Шветсария барои як қатор вохӯриҳо, ки ояндаи бузургтарин ҳаракати башардӯстонаи дунёро ташкил медиҳанд, ҷамъ меоянд.

Ҷаласаҳои оинномавии Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар роҳбарияти 190 ҷамъияти Миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва Кумитаи Байналмилалии Сурхро ба ҳам меоранд.