Вохурии муфид бо намояндагони Макомоти ичроияи махалии хокимияти давлатии нохияи Восеъ

0
1914

15 августи соли 2022 вохурии Омер Тасли, намояндаи Кумитаи байналмилалии исломии Ҳилоли Аҳмар ва намояндагони Кумитаи марказии Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон (ҶҲАТ) бо намояндагони масъули Макомоти ичроияи махалии хокимияти давлатии нохияи Восеи вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар вохури Худоёрзода Алихон, муовини раиси нохияи Восеъ, Махмадиев Махмадулло, муовини сардори шуъбаи маорифи нохияи Восеъ, Латипов Саидчамол, раиси чамоати Вайсов, Шарипов, директори Муассисаи тахсилоти миёнаи умумии (МТМУ) №28-и нохияи Восеъ ва Караев Эмомали, директори корхонаи вохиди давлатии хочагии манзилию коммуналии нохияи Восеъ  иштирок намуданд.

Дар огози вохури Нодир Аминзода, масъули иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардустии ҶҲАТ дар ҳамбастагӣ бо котиби иҷроияи бахши ҶҲАТ дар ноҳияи Восеъ Разокова Паримох оид ба лоихаи таъмири МТМУ №28-и нохияи Восеъ дар соли 2021 ба хозирин маълумоти муфассал доданд.

Сипас, Омер Тасли, намояндаи Кумитаи байналмилалии исломии Ҳилоли Аҳмар оид ба огози лоихаи нав оид ба сохтмони хоччатхонахои замонави дар ин муассисаи таълими дар охири мохи августи соли 2022 ба иштирокчиён маълумот дод.

Худоёрзода Алихон, Муовини раиси нохияи Восеъ ин икдоми некро дастгири намуда, хамчунин оид ба таъмири МТМУ №28, ки солхои зиёд таъмирталаб буд, изхори миннатдории раиси нохияи Восеро баён намуд.

Баъди ин вохури, Омер Тасли ва Аминзода Нодир як вохурии алохида бо Караев Эмомали, директори корхонаи вохиди давлатии хочагии манзилию коммуналии нохияи Восеъ ба анчом расониданд. Дар ин вохури масъалаи мавзеи сохтмони хоччатхонахои МТМУ №28 ва стандартхои мавчуда нисбати онхо барраси гардиданд.

Маркази иттилооти ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 16 августи соли 2022