Вохурии муфид бо роҳбарони филиалҳои ҶҲАТ дар ВМКБ

0
750

10 ноябри соли 2022 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) аз ҷониби филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар ВМКБ вохурӣ бо роҳбарони филиалҳои ҶҲАТ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ташкил карда шуд.
Дар ин вохурӣ ҳамчунин роҳбари Намояндагии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, корманди КБСС, намояндаи КБСС дар ВМКБ ва намояндаи Кумитаи марказии ҶҲАТ иштирок намуданд.
Чорабиниро роҳбари Намояндагии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонума Ангелика Шоп ва Бозичаев М., муовини роҳбари филиали ҶҲАТ дар ВМКБ ҳусни оғоз бахшиданд.
Сипас, Нодир Аминзода, ҳамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардусти”-и ҶҲАТ дар бораи фаъолияти Кумитаи марказии ҶҲАТ, риояи аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва пешравиҳо ва нақшаҳои минбаъда баромад намуда, ба суолҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас дод.
Мавзуна Мирзоева, корманди КБСС оид ба фаъолияти КБСС ва барномаҳои муштараки он бо ҶҲАТ баромад намуд.
Сипас, Бозичаев М., оид ба фаъолияти филиали ҶҲАТ дар ВМКБ ва барномаҳои он ба иштирокчиён маълумот дод.
Роҳбарони ҳар як филиали ҶҲАТ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, оид ба фаъолияти худ, барномаву лоиҳаҳои амалкунанда, пешравиҳо ва қазияҳои ҷойдошта маълумот доданд.
Вохурӣ дар сатҳи баланд баргузор гардида, дар он намояндагони филиалҳои ҶҲАТ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ мубодилаи афкор намуда, аз фаъолияти ҳам Кумитаи марказии ҶҲАТ, КБСС ва ҳам фаъолияти якдигар шиносоӣ пайдо намуда, барои пешравии филиалҳо пешниҳодоти муфид намуданд.
Бояд қайд намуд, мувофиқи нақша бояд мизи мудаввар бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва котибони иҷроияи филиалҳои ҶҲАТ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ  оид ба рушд ва тақвият бахшидани ҳамкориҳои тарафайн баргузор мегардид, вале бо баъзе сабабҳо ин чорабинӣ баргузор нагардид ва ба ҷои он вохурӣ ба филиалҳои ҶҲАТ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ баргузор гардид.