19 августи соли 2024 дар дастгоҳи иҷроияи кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) вохурии Дилором Мирова, муовини Котиби генералии ҶҲАТ бо намояндагони Салиби Сурхи Олмон доир гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамкории дарозмуддати миёни ҶҲАТ ва Салиби Сурхи Олмонро дар самтҳои гуногуни башардӯстӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Баъди вохурӣ бо роҳбарият намояндагони Салиби Сурхи Олмон бо сардорони шуъбаҳо ва роҳбарони барномаву лоиҳаҳои ҶҲАТ вохурӣ намуда, аз фаъолияти онҳо аз наздик шинос гардиданд.
Қобили зикр аст, ки Ҷамъияти Салиби Сурхи Олмон беш аз 15 сол мешавад, ки яке аз шарикони боэътимоди Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба шумор рафта, дар соҳаи фаъолияти башардӯстона, омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода ва дастгирии рушди иқтидори сохтори ҶҲАТ мавқеи хосаеро ишғол менамояд.
Лоиҳаҳои гуногун аз ҷониби Салиби Сурхи Олмон дар вилояти Суғд ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бомувафаққият амалӣ гардида, тавасути дастгирии он ҳамчунин баъзе аз филиалҳои ҶҲАТ низ азнавсозӣ карда шудаанд.