Имрузҳо сафари кории Ҷорҷиа Гречӣ, намояндаи Салиби Сурхи Италия дар Осиёи миёна ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) идома дорад.
Субҳи имрӯз Ҷорҷиа Гречӣ дар Кумитаи марказии ҶҲАТ бо Қурбониён Баҳодур, котиби генералии ҶҲАТ вохурӣ намуд.
Зимни вохурӣ котиби генералии ҶҲАТ оид ба фаъолияти ҶҲАТ ва иқтидори он ба таври мухтасар ба хонум Гречӣ маълумот дод.
Дар навбати худ, хонума Гречӣ оид ба 3 лоиҳае, ки аз ҷониби Салиби Сурхи Италия дастгирӣ ёфта, тавассути ҶҲАТ дар оянда амалӣ мегардад, маълумот дода, инчунин вобаста ба дастгирии минбаъдаи иқтидори сохтори ҶҲАТ қайд намуд.
Бояд қайд намуд, ки ҳануз соли 2019 байни ҶҲАТ ва Салиби Сурхи Италия созишномаи ҳамкорӣ оид ба амалисозии лоиҳаҳои рушди ҷавонону волонтёрон, муҳоҷирати меҳнатӣ ва паст намудани зарар аз маводҳои нашъаовар ба имзо расида буд. Мутаасифона аз сабаби паҳн гардидани бемории нави коронавирус дар солҳои 2020-2022 Салиби Сурхи Италия натавонист ин лоиҳаҳоро саривақт дастгирӣ намояд. Хушбахтона, имсол дастгирии ин лоиҳаҳо аз ҷониби Салиби Сурхи Италия дар назар аст.
Баъди вохурӣ бо котиби генералии ҶҲАТ хонума Ҷорҷиа Гречӣ бо кормандони шуъбаи рушд ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ва шуъбаи иҷтимоӣ-тиббӣ вохурӣ намуд.
Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 02 октябри соли 2023