Вохурии рохбарияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо намояндагони Малик Салмони Шохигарии Арабистони Сауди

0
1739

15 феврали соли 2022 дар Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) вохурии Курбониён Баходур, котиби генералии ҶҲАТ бо намояндагони Маркази имдод ва корхои башардустонаи Малик Салмони Шохигарии Арабистони Сауди баргузор гардид.
Зимни вохури котиби генералии ҶҲАТ ба хозирин оид ба хамаи барномаву лоихахое, ки аз чониби Маркази имдод ва корхои башардустонаи Малик Салмони Шохигарии Арабистони Сауди маблаггузори гашта, тавассути ҶҲАТ амали гардидаанд, маълумоти муфассал дод.
Дар навбати худ намояндаи Маркази имдод ва корхои башардустонаи Малик Салмони Шохигарии Арабистони Сауди Мачед Аланази аз хамкорихои байни ин Марказ ва ҶҲАТ изхори сипосгузори намуда, оид ба дастгирии лоихаи кумаки озукавори ба табакахои ниёзманди Точикистон дар мохи шарифи Рамазон маълумот дод. Ў кайд намуд, ки Маркази имдод ва корхои башардўстонаи Малик Салмони Шохигарии Арабистони Сауди тасмим гирифтааст маводхои озукавории ниёзи мардумро харидори намуда, тавассути ҶҲАТ дар мохи шарифи Рамазон ба ниёзмандони Точикистон таксим намояд.
Ин амали хайр аз чониби ҶҲАТ дар ҳамкории зич бо мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шахру нохияхои Ҷумхурии Точикистон амали мегардад.
Баҳодур Қурбониён, Котиби генералии ҶҲАТ, кайд намуд: “Бояд иттилоъ дод, ки дастгирии ниёзмандон, аз чумла шахсони дорои маъюбият дошта, маризон, пиронсолони яккаву танхо, ятимону бепарасторон ва дигар табакахои ниёзманди ахоли яке аз хадафхои асосии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба хисоб рафта, Ҷамъият хамеша мекўшад барои дастгирии онхо мусоидат намояд”.

Кобили зикр аст, ки Маркази имдод ва корхои башардустонаи Малик Салмони Шохигарии Арабистони Сауди яке аз шарикони боэътимоди Ҷамъияти Ҳилоли Ахмари Точикистон ба хисоб рафта, хамкории он аз соли 2016 огоз мегардад.

Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шахри Душанбе, 15 феврали соли 2022