Вохурии роҳбарияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо намояндагони Маркази имдод ва корҳои башардустонаи Малик Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

0
776

Дируз дар шаҳри шаҳри Ар-Риёзи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохурии Қурбониён Баҳодур, котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо намояндагони Маркази имдод ва корҳои башардустонаи Малик Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид.

Зимни вохури котиби генералии ҶҲАТ оид ба хамаи барномаву лоихахое, ки аз чониби Маркази имдод ва корҳои башардустонаи Малик Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ маблаггузори гашта, тавассути ҶҲАТ амали гардидаанд, маълумоти муфассал дод.

Дар навбати худ намояндагони Маркази имдод ва корҳои башардустонаи Малик Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо роҳбарии доктор Ҳана Омар, сардори раёсати байналмилалӣ ва ҳамкориҳо аз хамкорихои байни Маркази имдод ва корҳои башардустонаи Малик Салмони Шоҳигарии Арабистони Сауди ва ҶҲАТ изҳори сипосгузори намуда, қайд намуд, ки ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъдаи тарафайн мусоидат хоҳад намуд.

Қобили зикр аст, ки Маркази имдод ва корҳои башардустонаи Малик Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ яке аз шарикони боэътимоди Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳамкории он аз соли 2016 оғоз мегардад ва дар айни замон тавассути ҶҲАТ лоиҳаи башардустӣ ҷиҳати дастгирии 600 нафар ятимон бо маблағгузории ин Марказ дар якқатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ВМКБ амалӣ мегардад.

Маркази иттилоотии ҶҲАТ, 21 феврали соли 2023