Вохурии роҳбарияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо роҳбарияти Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар

0
472

19 майи соли 2023 дар Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар шаҳри Душанбе вохурии Қурбониён Баҳодур, котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо Ҷаган Чапагайн, котиби генералии Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶСС ва ҲА) баргузор гардид.

Зимни вохурӣ котиби генералии ҶҲАТ оид ба фаъолияти ҶҲАТ ва хамаи барномаву лоихахое, ки аз чониби ФБҶСС ва ҲА маблағгузори гашта, тавассути ҶҲАТ амалӣ мегарданд, маълумоти муфассал дод.

Дар навбати худ котиби генералии ФБҶСС ва ҲА аз хамкорихои байни ФБҶСС ва ҲА ва ҶҲАТ изҳори сипосгузорӣ намуда, қайд намуд, ки ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъдаи тарафайн мусоидат хоҳад намуд.

Баъди анҷоми вохурӣ Ҷаган Чапагайн, котиби генералии ФБҶСС ва ҲА бо роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  вохурӣ намуд.

Фардо боздиди роҳбарияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва роҳбарияти Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар аз филиали ҶҲАТ дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶСС ва ҲА) бузургтарин шабакаи башардӯстона дар ҷаҳон аст. Котиботи ФБҶССваҲА амалиёти чамъиятҳои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмарро дар беш аз 192 кишвари ҷаҳон дастгирӣ намуда, тақрибан 15 миллион ихтиёриёнро ба манфиати инсоният муттаҳид мекунад. 

Тавассути фаъолияти худ ФБҶССваҲА ба ҷомеаҳои солим ва бехатар имкон медиҳад, осебпазириро коҳиш диҳад, устувории инсоҳоро беҳтар созад ва сулҳро дар саросари ҷаҳон тақвият диҳад. https://www.ifrc.org/who-we-are/about-ifrc.

Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 19 майи соли 2023