Вохурии роҳбарияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо намояндагони Маркази имдод ва кумакҳои башардўстонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

0
485

22 феврали соли 2024 дар Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) вохурии Курбониён Баходур, котиби генералии ҶҲАТ бо намояндагони Маркази имдод ва кумакҳои башардўстонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид.

Зимни вохурӣ котиби генералии ҶҲАТ оид ба раванди ҳамкориҳои дуҷонибаи ҶҲАТ ва Маркази имдод ва кумакҳои башардўстонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ маълумоти муфассал дод.

Дар навбати худ намояндагони Маркази имдод ва кумакҳои башардўстонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба ҳамкориҳои хуби байни Марказ ва ҶҲАТ баҳои баланд дода, оид ба дастгирии лоихаи кумаки сабади озуқаворӣ ба табақаҳои ниёзманди аҳолии Ҷумҳурии Точикистон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон маълумот дод. Ў кайд намуд, ки Маркази имдод ва кумакҳои башардўстонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ тасмим гирифтааст, ки дар соли 2024 низ маводҳои озуқавории ниёзи мардумро харидорӣ намуда, тавассути ҶҲАТ дар моҳи шарифи Рамазон ба ниёзмандони Тоҷикистон тақсим намояд.

Алакай бори шашум аст, ки Маркази имдод ва кумакҳои башардўстонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба ниёзмандони Тоҷикистон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон кумаки хайриявӣ менамояд.

Ин амали хайр аз ҷониби ҶҲАТ дар ҳамкории зич бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои фарогири Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ хоҳад гардид.

Қобили зикр аст, ки Маркази имдод ва кумакҳои башардўстонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ яке аз шарикони боэътимоди Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳамкории он аз соли 2016 оғоз мегардад ва дар айни замон тавассути ҶҲАТ лоиҳаи башардўстӣ ҷиҳати дастгирии ятимон бо маблағгузории ин Марказ дар шаҳру ноҳияҳои мақсадноки вилояти Хатлон ва Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон амалӣ мегардад.

Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шахри Душанбе, 22 феврали соли 2024