Вохурии роҳбарияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо намояндагони Салиби Сурхи Норвегия

0
130
22 апрели соли 2024 дар Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) вохурии роҳбарияти ҶҲАТ бо намояндагони Салиби Сурхи Норвегия ҷаноби Ротинг Ҳакон Якоб, сардори департаменти амалиётии Салиби Сурхи Норвегия, ҷаноби Садаварте Винай Вилас, намояндаи минтақавии Салиби Сурхи Норвегия дар Осиё ва Улуғбек Аминов, намояндаи Салиби Сурхи Норвегия дар Афғонистон баргузор шуд.
Зимни вохурӣ Курбониён Баходур, котиби генералии ҶҲАТ оид ба фаъолияти ҶҲАТ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, раванди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҶҲАТ бо дигар ҷамъиятҳои миллӣ ва вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал дод.
Дар навбати худ намояндагони Салиби Сурхи Норвегия низ оид ба фаъолияти ин ҷамъияти миллӣ маълумоти мухтасар доданд.
Дар интиҳои вохурӣ ҷонибҳо ба нақша гирифтанд, ки ҳамкории байни ҶҲАТ ва Салиби Сурхи Норвегияро барқарор намуда, дар самтҳои гуногуни башардӯстӣ лоиҳаҳои муштарак намоянд.
Баъди вохурӣ бо роҳбарияти ҶҲАТ дар толори марказӣ намояндагони Салиби Сурхи Норвегия бо кормандони ҶҲАТ вохурӣ намуданд.
Баъди нисфирӯзӣ ҳамчунин намояндагони Салиби Сурхи Норвегия ба шаҳри Ваҳдат ташриф оварда, бо фаъолияти филиали ҶҲАТ дар шаҳри Ваҳдат аз наздик шинос гардиданд.
Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шахри Душанбе, 23 апрели соли 2024