Вохурии роҳбарияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо намояндагони Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Исломии Эрон

0
332

24 апрели соли 2024 дар Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) вохурии роҳбарияти ҶҲАТ бо намояндагони Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид.

Зимни вохурӣ Курбониён Баходур, котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон оид ба фаъолияти ҶҲАТ маълумоти муфассал дод.

Дар навбати худ намояндагони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Исломии Эрон низ оид ба фаъолияти ин ҷамъияти миллӣ маълумоти мухтасар доданд.

Дар рафти вохурӣ ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки дар ояндаи наздик вобаста ба амалисозии лоиҳаҳои гуногуни башардӯстӣ дар самтҳои иҷтимоӣ, беҳдоштӣ, маориф, омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода ва ғайраҳо ҳамкории муштарак намоянд.

Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шахри Душанбе, 24 апрели соли 2024