19 феврали соли 2023 Қурбониён Баҳодур, котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар пойтахти Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, шаҳри Ар-Риёз бо Каримӣ Акрам Муҳаммадрасул, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохурӣ намуд. Дар вохурӣ масъалаи рушди ҳамкориҳои ҶҲАТ бо ташкилотҳои хайриявии Арабистони Саудӣ, махсусан бо Маркази имдод ва корҳои хайриявии “Шоҳ Салмон” баррасӣ гардид.
Боиси қайд аст, ки бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар солҳои охир ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар соҳаҳои иқтисод, илму фарҳанг ва иҷтимоиёт хело рушд намудааст.
Маркази иттилооти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, 19 феврали соли 2023