Вохурии роҳбари намояндагии КБСС бо роҳбарияти филиали Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд

0
216

Бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти сохторҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон 15 майи соли 2024 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд вохурии Пьер Эммануэль, роҳбари намояндагии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар Тоҷикистон бо Парвиз Ҷабборзода, роҳбари филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор гардид.

Парвиз Ҷабборзода оид ба фаъолияти филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд суханронӣ намуда, аз ҳамкории зичи КБСС дар минтақаи Суғд изҳори сипосгузорӣ намуд.

Пьер Эммануэль дар навбати худ, оид ба мусоидати худ дар рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд суханронӣ намуд.

Дар вохурӣ ҳамчунин, Парвиз Маҳмудов, намояндаи Ҷамъияти Салиби Сурхи Олмон дар вилояти Суғд, кормандони КБСС, Кумитаи Марказӣ ва филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суҳд иштирок намуданд.

Бояд қайд намуд, ки ин нахустин сафари роҳбари намояндагии КБСС дар Тоҷикистон ба вилояти Суғд баъди ба ин вазифа тайин шуданаш, мебошад.