5 июни соли 2024 дар Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) вохурии роҳбарияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо Севал Гузелкилинч, роҳбари намояндагии Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБССҲА) дар Осиёи миёна баргузор гардид.
Дар вохурӣ Қурбониён Баҳодур, котиби генералии ҶҲАТ оид ба фаъолияти барномаву лоиҳаҳои ҶҲАТ дар 6 моҳаи соли 2024 маълумоти муфассал дод.
Сипас, ҷонибҳо масъалаи рушди ҳамкориҳои байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар самтҳои гуногуни башардӯстӣ, мусоидат дар барқарорсозии ҳамкориҳои мутақобилан судман бо дигар созмонҳои байналмилалӣ ва пешниҳоди лоиҳаву барномаҳои нав мавриди баррасӣ қарор доданд.