Вохурии судманд бо хонандагон

0
1911

  Яке аз фаъолияти Оинномавии кормандони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ин паҳн намудани маълумот доир ба Ҳаракати байналмиллалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва фаъолияти кунунии ҶҲАТ мебошад.
   Бо ин мақсад, санаи 13.11.2021 сол дар толори Гимназияи № 1-и Ҷамоати Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов бо устодон ва хонандагони мактабҳо вохӯрӣ баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ кормандони бахши вилоятӣ ва ноҳиявии ҶҲАТ ба иштирокчиён доир ба таърихи пайдоиши Ҳаракат, қисмҳои таркибии он, фаъолияти ҶҲАТ, барномаҳои амалишаванда ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии ташкилот маълумот доданд. Бояд қайд намуд, ки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) яке аз кӯҳантарин ташкилотҳои башардӯсти мададрасон буда, он 23 декабри соли 1927 таъсис ёфтааст. Аз ин сабаб аз ҷониби иштирокчиён доир ба таърихи Ҳилоли Аҳмар, манбаҳои даромад, фаъолиятҳои башардустона ва барномавии ташкилот, инчунин истифодабарии мақсадноки ном ва аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар саволҳои гуногунҷабҳа дода шуда, дар навбати худ посухҳо шунида шуданд.
   Боиси зикр аст, ки вохӯрӣ тибқи нақшаи барномаи “ Иттилоот ва Ҳуқуқи Байналмиллаии башардӯстӣ” гузаронида шуда, дар он устодон ва хонандагони гимназия, литсей ва мактабҳои таҳсилоти умумии № 1, 2, 3, 17, 19, 20, 28, 29 ва 40 Чамоатҳои Ғӯлакандоз ва Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов иштирок варзиданд.
   Дар охир аз ҷониби Элмурод Исмоилов – котиби иҷроияи бахши ҶҲАТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба иштирокчиён доир ба аъзо шудан ба сафи ҶҲАТ, корбарии ихтиёрӣ ва гузоштани саҳми худ барои рушди ҷамъият тавсия дода шуд. Дар нақша ҳаст, ки чунин вохӯриҳо дар шаҳру навоҳии Конибодом, Истиқлол, Шаҳристон ва Спитамен низ баргузор гарданд.