ВОХУРИҲОИ МАШВАРАТӢ ОИД БА АРЗЁБИИ МУКАММАЛИ ОСЕБПАЗИРӢ ВА ИҚТИДОР (E-VCA) БО ШАХСОНИ МАСЪУЛ ДАР САТҲИ МАҲАЛ

0
689

Давоми санаҳои 17 – 29 уми моҳи октябр дар 21 деҳаҳои ҳадафноки лоиҳаи «Суръат бахшидани фаъолиятҳои маҳаллӣ дар шароити буҳронҳои гуманитарӣ ва тандурустӣ» (ECHO PPP) вохӯриҳои машваратӣ оид ба арзёбии мукаммали осебпазирӣ ва иқтидор (e-VCA) бо шахсони масъул дар сатҳи маҳал баргузор гардид.
Дар он аъзоёни Кумитаи маҳаллӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи ҶҲАТ дар деҳа, намояндагони бахшҳои занон, ҷавонон, маориф, тандурустӣ, дин ва заминсозии ҷамоати деҳот, омӯзгорони мактаби миёна, фаъолон, мутахассисони соҳавӣ, намояндагони Ҳукумати маҳал ва КҲФ ва МГ- и шаҳру ноҳияҳо, шарикон ва меҳмонони расмӣ иштирок намуданд.
Тибқи барнома, сароғоз кормандони лоиҳа дар ноҳия оид ба таърихи таъсисёбӣ, фаъолияти дирӯзу имрӯзи ҶҲАТ ва Лоиҳаи “ЕСНО РРР” маълумоти умумӣ доданд. Сипас ҳадафи асосии гузаронидани арзёбии мукаммали осебпазирӣ ва иқтидор дар сатҳи маҳал шарҳ дода шуд.
Дар идомаи вохӯриҳо, ки дар фазои озод ва ба таври интерактивӣ (саволу ҷавоб) сурат гирифтанд, дар мавзӯъҳои “Сайри таърихии маҳал”, “Харитаи хавф ва иқтидор”, “Визуализатсия ва проексия”, “Тақвими мавсимӣ”, “Диаграммаи Венн”, “Таҳлили тарзи хоҷагидорӣ ва механизмҳои мутобиқат ба шароитҳои зисту зиндагонӣ”, “Таҳлили созмонҳои маҳаллии ҷамъиятӣ”, “Методи сӯҳбат кардан бо девор”, “Дараҷабандии муаммо (проблема)-ҳо аз рӯи афзалиятнокии онҳо”, “Омодасозии “Дарахти муаммоҳо”, “Амалҳо барои трансформатсия (CIT)” мубодилаи афкор сурат гирифта, вобаста ба ҳамаи мавзӯъҳо иштирокдорони вохӯрӣ кори амалиро иҷро намуданд. Дар фарҷоми вохӯриҳо аз ҷониби иштирокдорон 3 муаммои асосӣ ва ҳалталаб, ки сокинони деҳаҳои ҳадафнокро ташвиш овардааст, пешниҳод карданд.
Ҳисоботи хаттӣ оид ба арзёбиҳои мукаммали осебпазирӣ ва иқтидор (e-VCA) – и гузаронидашуда, давоми ҳафтаҳои оянда пешниҳод карда мешавад.