Вохуриҳои роҳбарияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

0
723

Имрузҳо ҳайати Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо роҳбарии Қурбониён Баҳодур, котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо ташрифи корӣ дар пойтахти Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, шаҳри Ар-Риёз қарор доранд.

Дар доираи ин сафари корӣ ҳайати ҶҲАТ бо намояндагони Ҷамъиятҳои Ҳилоли Аҳмари Қувайт, Аморати Муттаҳидаи Араб, Қатар, Баҳрайн, намояндагони кумитаи марказии барномаи рушди Созмони миллали муттаҳид ва дигар созмону ташкилотҳо вохуриҳои дуҷониба барпо намуданд.

Вохурии навбатӣ бо намояндагони Ҳилоли Аҳмари Арабистони Саудӣ дар назар аст.

Маркази иттилоотии ҶҲАТ, 22 феврали соли 2023