14 августи соли 2022 сафари кории Омер Тасли, намояндаи Кумитаи байналмилалии исломии Ҳилоли Аҳмар ва намояндагони Кумитаи марказии Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон (ҶҲАТ) ба Муассисаи тахсилоти миёнаи умумии (МТМУ) №28-и нохияи Восеи вилояти Хатлон баргузор гардид.
Зимни сафари корӣ Омер Тасли ва намояндагини ҶҲАТ бо корхои таъмири МТМУ №28, ки аз чониби ҶҲАТ бо дастгирии Кумитаи байналмилалии исломии Ҳилоли Аҳмар дар соли 2021 таъмир карда шуда буд, шинос гардида, хамчунин бо роҳбарияти ин муассисаи таълими вохурӣ намуданд.
Маврид ба ёдоварист, ки санаи 3-4 августи 2021 Омер Тасли бо ҳамроҳии котиби генералии ҶҲАТ Қурбониён Баходур ва корманди ҶҲАТ Аминзода Нодир ба ноҳияи Восеъ, ҷихати баррасии лоиҳаи таъмири мактаби №28-и ноҳияи Восеъ ташриф оварда буд.
Маркази иттилооти ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 16 августи соли 2022