Вохурӣ бо донишҷӯёни ЛКСК шаҳри Левакант бахшида ба рӯзи таъсиси ҶҲАТ

0
1544

   Рӯзи 15 декабр масъулини филиали ҶҲАТ дар шаҳри Левакант бо донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии ЛКСК – и шаҳр вохурӣ намуданд. Бояд гуфт, ҳадаф аз баргузор намудани  вохурӣ ин тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва амалӣ намудани нақша ва дурнамои кори Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мебошад. Боиси зикр аст, ки ҶҲАТ аз 23 декабри соли 1927 фаъолият намуда, баҳри таъмини некуаҳолии сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаву лоиҳаҳои худ  ба садҳо  ҳазор оилаҳои эҳтиёҷманд  кумак расондааст.  
  Ёдовар мешавем, ки  дар фарҷоми вохурӣ  баҳри пешгирӣ аз  сирояти коронавирус бо кумаки волонтёрон дар муассиса маводҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.