2 феврали соли 2024 муовини Котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар ҳамбастагӣ бо якқатор кормандони ҶҲАТ бо намояндагони Барномаи волонтёрони Созмони Милали Муттаҳид вохурӣ намуд.
Дар вохурӣ масъалаи рушди волонтёрон ва ҷалби онҳо дар чорабиниҳои гуногуни муштарак баррасӣ гардид.
Дилором Мирова, муовини Котиби генералии ҶҲАТ ҳамчунин оид ба фаъолияти ҶҲАТ ба намояндагони Барномаи волонтёрони Созмони Милали Муттаҳид маълумот дода, қайд намуд, ки волонтёрони ҶҲАТ дар самтҳои расонидани ёрии аввал, омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода, тиббӣ-иҷтимоӣ ва дигар самтҳо ҳамеша омӯзонида мешаванд.
Намояндагони Барномаи волонтёрони Созмони Милали Муттаҳид низ дар навбати худ оид ба фаъолият ва кор бо волонтёрони худ маълумот доданд.
Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 02 феврали соли 2024