14-15 декабри соли 2023 дар меҳмонхонаи “Румӣ”-и шаҳри Душанбе вохӯрии машваратӣ оид ба сабақҳои омӯхташуда, таҷрибаҳои муваффақ ва тавсияҳо вобаста ба марҳилаи дуюми лоиҳаи “Суръат бахшидани фаъолиятҳои маҳаллӣ дар шароити буҳронҳои гуманитарӣ ва тандурустӣ (ЕСНО-РРР)” ва нақшабандии фаъолиятҳо барои марҳилаи сеюми лоиҳа доир гардид.
Дар вохӯрӣ роҳбарият ва намояндагони ДИ КМ ҶҲАТ, котиби генералии ҶҲАТ Қурбониён Баҳодур Бобоҷон, кормандони масъули лоиҳа дар сатҳи Кумитаи Марказӣ, роҳбарият ва намояндагони Салиби Сурхи Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Лоиҳаи “ЕСНО-РРР” дар сатҳи вилояти Суғд иштирок намуданд.
Сараввал менеҷери Лоиҳа Фахриддин Каримов суханронӣ намуда ҳадафи ташкил ва гузаронидани вохӯриро шарҳ дод. Вобаста ба фаъолиятҳои асосии дар доираи амалишавии марҳилаи дуюми лоиҳа анҷомшуда мухтасар маълумот дода шуд.
Зимни суханронии худ Котиби генералии ҶҲАТ Қурбониён Баҳодур Бобоҷон вобаста ба амалишавии лоиҳа ва дар маҷмӯ фаъолиятҳои имрӯзаи ҶҲАТ сухан гуфт.
Зимни чорабинӣ дар ҷараёни суханрониҳо, оид ба натиҷаи фаъолияти кормандони лоиҳа дар давоми наздики ду соли амалишавии он дар 21 деҳаи мақсадноки 7 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд ва дар маҷмӯ дигар фаъолиятҳои умумии анҷомшуда маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Чорабинӣ тибқи барнома сурат гирифта бо ҳадафи мустаҳкам намудани ҳамаи донишҳои дар доираи амалишавии лоиҳа гирифташуда ва баррасии нақшаи кории марҳилаи сеюми лоиҳа, дар байни иштирокдорон як қатор корҳои амалӣ, аз ҷумла дар мавзӯи “Баррасии дастовардҳо, таҷрибаи пешқадам, дарсҳои омӯхташуда ва тавсияҳо барои такмил” гузаронида шуданд.
Дар маҷмӯ давоми ду рӯз як қатор баромадҳо, аз ҷумла вобаста ба мавзӯҳои “Ҷамъбасти хулосаҳои асосии семинар оид ба ҷамъбасти ҳамкориҳои бахшҳои давлативу хусусӣ дар Осиё-Уқёнуси Ором ва Аврупо дар Алмаато 2023”, “Муҳокимаи масъалаҳои байниҳамдигарӣ. Таъмини робитаи байни соҳаҳои мавзӯӣ”, “Шартҳои баррасии буҷетҳо ва ҳисоботи молиявӣ”, “Таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ: консепсия, сохтори мантиқӣ, шарҳи баҳрагирандагон, буҷет” ва ғайра аз ҷониби шахсони масъул сурат гирифт.
Дар фарҷоми вохӯрӣ аз ҷониби роҳбарияти лоиҳа баробари вазифагузорӣ, бо ҳадафи боз ҳам беҳтару мақсаднок ба роҳ мондани фаъолият дар марҳила (фаза)-и сеюми амалишавии лоиҳа, хубу самаранок ҷамъбаст намудани марҳилаи дуюми лоиҳа тавсияҳои судманд дода шуданд.
Боиси зикр аст, ки Лоиҳаи “Суръат бахшидани фаъолиятҳои маҳаллӣ дар шароити буҳронҳои гуманитарӣ ва тандурустӣ ЕСНО-РРР” яке аз лоиҳаҳои муҳим ва калидӣ ба ҳисоб меравад, ки аз ҷониби ҶҲАТ амалӣ карда шуда истодааст. Амалишавии лоиҳа дар ҳудуди вилояти Суғд 7 шаҳру ноҳияҳои мақсаднок, он ҳам Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Конибодом, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Панҷакент ва дар ҳамаи ин 7 шаҳру ноҳияҳо 21 деҳаро фаро мегирирад. Маблағгузори асосии лоиҳа Сарраёсати дафтари башардӯстонаи Иттиҳоди Аврупо (DG-ECHO) ба ҳисоб рафта инчунин шарикони башардӯстонаи ҳамкор – Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Салиби Сурхи Олмон, Сурхи Финляндия ва Салиби Сурхи Итолиё низ дар самтҳои мухталиф амалишавии лоиҳаро дастгирӣ намуда истодаанд.
Бояд қайд намуд, ки Лоиҳаи “Суръат бахшидани фаъолиятҳои маҳаллӣ дар шароити буҳронҳои гуманитарӣ ва тандурустӣ (ЕСНО-РРР)” наздики ду сол инҷониб бо дастгирии молиявии Сарраёсати дафтари башардӯстонаи Иттиҳоди Аврупо (DG-ECHO) ва шарикони башардӯстонаи ҳамкор – Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Салиби Сурхи Олмон, Сурхи Финляндия ва Салиби Сурхи Итолиё аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) амалӣ мегардад.